Ғолибони Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2020 муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 19.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бозиҳои ниҳоии мусобиқаи анъанавӣ барои дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон хеле ҷолиб баргузор гардиданд. Дар вохӯрӣ барои ишғоли зинаи сеюм дастаи футболи «Душанбе-83»-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро мағлуб намуд. Мавзӯи мазкурро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад
Рақобати финалии мусобиқа миёни дастаҳои футболи «Истаравшан» ва КМВА низ бо ҳисоби 2:1 бар нафъи дастаи «Истаравшан» хотима ёфт. Агарчӣ дар мавсими гузашта артишиҳо ҷоизаро моли худ карда буданд, ин дафъа футболбозони дастаи Вазорати мудофиа унвони қаҳрамониро муҳофизат карда натавонистанд, иттилоъ медиҳад сомонаи расмии Лигаи футболи Тоҷикистон.
Ҳамин тариқ, дастаи футболи «Истаравшан» зинаи аввал, КМВА – дуюм ва дастаи футболи «Душанбе-83» мақоми сеюмро ишғол карданд. Ёдрас мешавем, ки ҳадафи асосӣ аз баргузории Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон- ин омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои футболи Лигаи олии Тоҷикистон ба мавсими нав мебошад.
Ҷоми лигаи Тоҷикистон-2020
Бозӣ барои ишғоли зинаи сеюм
«Кӯктош» – «Душанбе-83» — 1:2
Голҳо: Далер Имомназаров, 19 (0:1), Колинс Эдухини, 42 (0:2), Азизбек Султонов, 90+2 (1:2 — аз пеналти)
Финал
«Истаравшан» – КМВА — 2:1
Голҳо: Зуфар Акбаралиев, 10 (1:0), Илҳом Баротов, 60 (2:0), Шодибек Ғаффоров, 67 (2:1)
Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2020
Гурӯҳи «А»
Даври 1-ум
«Душанбе-83» – «Кӯктош» – 0:1
«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ» – 2:1
Даври 2-юм
«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2
«Душанбе-83» – «Хатлон» – 1:0
Даври 3-юм
«Регар-ТадАЗ» – «Душанбе-83» – 0:1
«Хатлон» – «Кӯктош» – 2:5
Гурӯҳи«Б»
Даври 1-ум
«Истиқлол» – «Истаравшан» – 0:10
Даври 2-юм
«Файзканд» – «Истиқлол» – 9:3
Даври 3-юм
«Истаравшан» – «Файзканд» – 2:0
Гурӯҳи «В»
Даври 1-ум
«Хуҷанд» – КМВА – 0:6
Даври 2-юм
«Локомотив-Помир» – «Хуҷанд» – 1:0
Даври 3-юм
КМВА – «Локомотив-Помир» – 1:0








Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид






