Озмунҳо, барномаҳо, мусобиқаҳо ва хонишҳои сиёсӣ — ба ифтихори ҷашнҳои миллӣ миёни ҷавонон
ДУШАНБЕ, 11.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш тасмим гирифтааст, ки дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат озмуну барномаҳои маърифативу фарҳангӣ, варзишиву оммавӣ ва хонишҳои сиёсӣ баргузор намояд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмунҳои «Ҳусноро» дар ноҳияи Ховалинг, «Суруди аллаи Модар» дар ноҳияи Файзобод, «Канӣ духтарон» дар ноҳияи Ванҷ, ҳамоиш дар мавзӯи «Либос як ҷузъи фарҳанги миллӣ» дар шаҳри Хуҷанд, мусобиқаҳои варзишӣ оид ба намуди волейбол миёни духтарон дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ёвон, Кӯлоб, Фархор, Хоруғ, Дарвоз ва якчанд шаҳру ноҳияҳои дигар доир мегарданд.
Ин барномаю мусобиқот дар маҷмӯъ метавонанд барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавондухтарон, омода намудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ мусоидат намоянд.
Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумита, баргузории чунин барномаю ҳамоишҳо дар деҳоти дурдасти ҷумҳурӣ низ ба роҳ монда шудааст.








«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор мегардад
Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд






