ПАНДЕМИЯИ COVID-19. Шумораи мубталоёни коронавирус дар Италия ба 100 ҳазор нафар наздик шуда, теъдоди умумии онҳо дар ҷаҳон ба беш аз 700 ҳазор нафар расид
ДУШАНБЕ, 30.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 30 март дар саросари ҷаҳон шумораи умумии гирифторони намуди нави коронавируси COVID-19 ба беш аз 722 ҳазор нафар расида, теъдоди беморони шифоёфта ва фавтида мутаносибан зиёда аз 33 ҳазор кас ва 151 ҳазор тан мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Дар ҷаҳон аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дар ҷои аввал қарор дорад. Теъдоди мубталоён дар Иёлоти Муттаҳида 142 178 нафарро ташкил медиҳад.
Италия дар ҷои дуюм буда, дар он то имрӯз 97 689 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Италия мамлакати аврупоиест, ки дар он шумораи фавти баланд аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 10 779 нафарро ташкил медиҳад.
Чин аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм қарор гирифта, дар он 81 470 нафар мубталои коронавирус шудаанд.
Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Испания — 80 110, Германия — 62 435, Франсия — 40 174, Эрон — 38 309, Британияи Кабир — 19 522, Швейтсария — 14 829, Нидерланд – 10 866, Белгия – 10 836, Кореяи Ҷанубӣ — 9 661, Туркия – 9 217, Австрия – 8 788 ва Канада – 6 320 ба қайд гирифта шудааст.
Ба даҳгонаи давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Италия (10 779 нафар), Испания (6 803), Чин (3 304), Эрон (2 640), Франсия (2 606), ИМА (2 484), Британияи Кабир (1 228), Недерланд (771), Германия (541) ва Белгия (431) дохил мешаванд.
СУТ имрӯз дар бораи беш аз 195 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.
АКС аз AP / Alessandra Tarantino








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






