ПАНДЕМИЯИ COVID-19. Тоҷикистон ва Туркманистон — ягона давлатҳои ОМ ва ИДМ, ки дар онҳо ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

Март 26, 2020 11:10

ДУШАНБЕ, 26.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Туркманистон ягона давлатҳое дар Осиёи Марказӣ (ОМ) ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мебошанд, ки дар онҳо то имрӯз ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумлоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Дар дигар давлатҳои аъзои ИДМ — Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Украина ва Россия ҳолатҳои сироятёбӣ аз ин вирус ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла дар Россия – 658 ҳолати сироятёбӣ, Арманистон – 265,  Молдова – 149,  Украина – 145, Озарбойҷон – 93, Қазоқистон — 88,  Беларус – 86,  Ӯзбекистон – 60 ва  Қирғизистон – 44 ҳолат ошкор гардид.

Дар баъзе аз ин кишварҳо афзоиши шумораи бемороне, ки шифо ёфтаанд, мушоҳида мешавад. Масалан, дар Беларус 29 нафар, Россия – 29,  Арманистон — 16,  Озарбойҷон — 10,  Молдова — 2,  Қазоқистон – 2 ва Украина – 1 нафар шифо ёфта, ба манзили зишташон баргаштаанд.

Илова бар ин, дар Россия 2 ҳолати фавт, Озарбойҷон – 1, Молдова – 1 ва дар Украина – 5 ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Инчунин дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус ба 84 нафар расид, ки ду нафари онҳо шифо ёфта, ду тани дигар вафот кардаанд.

Тибқи маълумоти охир, дар байни кишварҳои Осиё, ба ҷуз аз Тоҷикистон ва Туркманистон, ҳолатҳои сиротяёбӣ аз COVID-19 дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея ва Яман низ ба қайд гирифта нашудаанд.

Миёни кишварҳои Африқо вирус ба Ботсвана, Бурунди, Комор, Лесото, Малави, Серра-Леоне, Судони Ҷанубӣ ва Сан-Томе ва Принсипе нарасидааст.

Ғайр аз он, ба гурӯҳи кишварҳои Уқёнусия, ки ягон ҳолати сирояти коронавирусро тасдиқ накардаанд, Вануату, Кирибати, Микронезия, Науру, Самоа ва Тувалу шомил мебошанд.

СУТ имрӯз дар бораи беш аз 195 давлат ва ҳудуде, ки дар онҳо сироят ба қайд гирифта шудааст, гузориш медиҳад.

Ҳолатҳои сироятёбӣ аз COVID-19 дар тамоми кишварҳои Америка ва Аврупо ба қайд гирифта шудаанд. 6 кишвари Аврупо дар даҳгонаи кишварҳои дорои шумораи зиёдтарини ҳолатҳои сирояти коронавирус ва 10-то дар понздаҳгона қарор доранд.

Ба ҳолати 26 март дар ҷаҳон беш аз 471 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 21 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 114 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 14 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Дар ҷаҳон аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, Чин, ки макони хуруҷи беморӣ мебошад, дар ҷои аввал қарор дорад. Теъдоди мубталоён дар ин кишвар 81 285 нафарро ташкил медиҳад. Италия аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои дуюм буда, дар он 74 386 нафар мубталои коронавирус шудаанд. Италия мамлакати аврупоиест, ки дар он шумораи фавти баланд аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он ба 7 503нафар расид.

ИМА аз рӯи шумораи сироятшудагон дар ҷои сеюм буда, дар он 68 489 ҳолати коронавирус ба қайд гирифта шуд. Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Испания – 49 515, Германия – 37 323,  Эрон – 27 017,  Франсия – 25 233,  Швейтсария – 10 897, Британияи Кабир – 9 529, Кореяи Ҷанубӣ – 9 241,  Нидерланд – 6 412,  Австрия – 5 588,  Белгия – 4 937,  Канада – 3409 ва  Норвегия – 3 100 ба қайд гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

Март 26, 2020 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»