Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон истироҳатгоҳи нави «Суғдиён»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Март 22, 2020 14:42

ДУШАНБЕ, 22.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон истироҳатгоҳи нави «Суғдиён»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Мавриди зикр аст, ки иншооти мазкур дар шаҳри Гулистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бунёд гардидааст.

Иншооти навбунёди истироҳатгоҳи “Суғдиён” дар соҳили Баҳри тоҷик ҷойгир мебошад. Масоҳати умумии қитъаи замини он 5,0 гектарро ташкил дода, аз 5 ошёна иборат аст.

Истироҳатгоҳ дорои 40 ҳуҷра барои қабули меҳмонон, сайёҳон ва истироҳаткунандагон мебошад.

Бино аз толорҳои гуногун ва иншооти ёрирасон иборат аст.

Дар гирду атрофи бино корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ гузаронида шудааст. Суҳбаткадаҳо, гулҳои рангоранг, дарахтони зиёди ороишӣ, чароғҳои ранга, роҳравҳои бо сангҳои ватанӣ ороишдодашуда, кули махсус ва фаввораҳо аз ороишоти истироҳатгоҳи Суғдиён ба шумор меравад.

Сохтмони иншоот бо дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2018 оғоз ёфта, дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ба истифода супурда шуд.

Ёдовар мешавем, ки 21 августи соли 2019 зимни як сафари корӣ Президенти мамлакат бо рафти корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ дар истироҳатгоҳи мазкур шинос шуда буданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони бино ошно шуда, ба коргарону сохтмончиён оид ба татбиқи саривақтии лоиҳаи бунёди иншоот дастурҳо доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргаронро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи ватанӣ, нақшу нигори миллӣ, риояи қоидаҳои меъмории миллӣ ва дигар қоидаҳои сохтмон, ҳидоят намуда буданд.

Барои хеле дилкашу дилрабо гаштани саҳни ҳавлӣ ва атрофи иншоот Сарвари  давлат дастур доданд, ки бо истифода аз таҷрибаи ғанӣ дар ҳудуди маҷмаа дарахтони ороишӣ, чароғҳои ранга  шинонида, шаршараҳои сунъӣ бунёд намоянд ва ин ҷоро ба як макони хуби сайру тамошои меҳмонон табдил диҳанд.

Натиҷаи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат буд, ки имрӯз иншооти мазкур бо як тарҳи зебову нодир бо риояи тамоми меъёрҳои сохтмонию меъморӣ бо истифодаи нақшу нигори миллӣ, чубкорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва сангҳои ороишии ватанӣ ба як макони дилфиреб дар соҳили Баҳри тоҷик бунёд шуд.

Дар шаҳри Гулистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ даҳҳо иншооти хуштарҳу муосир бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Осоишгоҳи замонавии “Баҳористон” аз зумраи иншооти муҳими соҳаи табобату истироҳат мебошад, ки дар соҳили Баҳри тоҷик бунёд шудааст.

Айни ҳол бо дастуру ҳидоят ва роҳнамоии Пешвои миллат дар ҳудуди осоишгоҳи “Баҳористон” сохтмони боз як иншооти нав барои 100 ҷойи хоб бунёд шуда истодааст.

Бино бо дарназардошти талабот ба ҷойҳои нави истироҳату табобат бо тарҳи замонавӣ бунёдшаванда сохта мешавад.

Иншооти нав аз 5 ошёна ва таҳхона иборат хоҳад буд.

Дар ҳудуди бинои нави осоишгоҳ ҳавзи шиноварӣ барои калонсолон ва кудакон бо майдончаҳои бозӣ ва корти теннис ба нақша гирифта шудааст. Дар қисми дигар барои фароғати истироҳаткунандагон гулгашт бо фаввораҳо ва айвончаҳои зебову мунаққаш бунёд мешавад.

Осоишгоҳи “Баҳористон” соли 2011 бо дастури бевоситаи Сарвари давлат бунёд шуда, имрӯз ба як макони сайру саёҳат ва истироҳату табобати мардум табдил ёфтааст.

Ифтитоҳи истироҳатгоҳи “Суғдиён” дар шаҳри Гулистон 22.03.2020

Март 22, 2020 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон