Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон корхонаи коркарди қоғазро ифтитоҳ намуда, аз намоишгоҳи корхонаҳои саноатӣ боздид намуданд

Март 22, 2020 11:05

ДУШАНБЕ, 22.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон корхонаи коркарди қоғазро ифтитоҳ карда, бо дастовардҳои корхонаҳои саноатии шаҳр шинос шуданд.

Коргоҳи нав дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон дар заминаи корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сахо ва компания” аз ҷониби соҳибкорон- оилаи Қосимовҳо таъсис ёфтааст.

Маҳсулоти он барои банду басти қуттиҳои маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ нигаронида шудааст.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳи нав то 20 тонна коркарди қоғазпора дар як шабонарӯз буда, дар он 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар маҷмӯъ, дар коргоҳҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сахо ва компания” қариб 400 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин ҳастанд.

Корхонаи коркарди қоғаз ва коргоҳи истеҳсоли зарфҳои шишагӣ,  ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сахо ва компания” бунёд шудааст, бепартов мебошад.

Мутахассисони  коргоҳи коркарди қоғаз корҳои санҷишӣ гузаронида, кӯшиш доранд сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда ба талаботи стандартҳо ҷавобгӯ бошад.

Қоғаз ва ҳам зарфҳои шишагӣ барои корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва аҳолии мамлакат нигаронида шудаанд, ки ин маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошад.

Бунёди коргоҳҳои мазкур дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми муносиб мегузорад.

Соҳибкор Абдураҳмон Қосимов соли 2019 зимни мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саноатчиёни ҷумҳурӣ ваъда дода буд, ки дар доираи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва дастгирии ҳамешагии Президенти мамлакат аз соҳибкории хурду миёна коргоҳи нав бунёд менамояд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи навтаъсис оид ба коркарди қоғаз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода, онҳоро ба идомаи корҳои ободонӣ ҳидоят карданд.

Баъди ифтитоҳи корхонаи коркарди қоғаз дар саҳни ҳавлии коргоҳ Президенти мамлакат бо дастовардҳои саноатчиёни шаҳри Гулистон ва маҳсулоти гуногуни истеҳсолкардаи онҳо шинос шуданд.

Дар намоишгоҳ асосан маҳсулоти саноатии ивазкунандаи воридот ба маъраз гузошта шуд ва сифати онҳо аз ҷониби Пешвои миллат баҳои арзанда гирифт.

Ифтитоҳи корхонаи коркарди қоғаз ва боздид аз намоишгоҳи корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон 22.03.2020

Март 22, 2020 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон