Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо узви дафтари сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Чин Ян Тзечи мулоқот намуданд

Март 1, 2020 10:45

ДУШАНБЕ, 01.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви дафтари сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Чин, роҳбари Дафтари комиссияи Ҳизби Коммунистии Чин оид ба корҳои хориҷӣ Ян Тзечиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон ва Чин шарикони стратегии ҳамаҷониба ва ҳамсояи наздик буда, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ҳамеша ҳавасманд мебошанд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмуи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин, аз ҷумла дар доираи муколамаи байниҳизбӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар ин замина таъкид карда шуд, ки робитаҳои байниҳизбӣ ҷузъи таркибии муҳими маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Чин ба ҳисоб рафта, ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории байни мардумони ду давлат мусоидат менамоянд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба маносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат,сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки энергетикӣ, саноатию кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, фарҳангу гуманитарӣ, маориф ва илму технологӣ табодули афкор карда, татбиқи воқеии Барномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чинро, ки дар доираи ташаббуси “Як камарбанд — як роҳ” таҳия гардидааст, муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин вазъи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи амниятӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир баррасӣ гардид.

Мулоқот бо узви дафтари сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Чин Ян Тзечи 01.03.2020

Март 1, 2020 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон