Раддияи Вазорати корҳои дохилӣ ба хабари беасос
ДУШАНБЕ, 31.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сомонаи интернетии «Ахборком» 30 март таҳти сарлавҳаи «Худкушии хонандаи синфи 11 баъди 12 ҳазор сомонӣ ҷаримаи БДА» хабар паҳн намудааст, ки ба ҳолати воқеии ҳодиса мувофиқат намекунад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ноболиғ Сулаймонзода Набихоҷаи Нусрат, соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳ, ҷамоати деҳоти Оббурдон, кӯчаи Мусо Исоев, ҳавлии №2, хонандаи синфи 11-и МТМУ №3-и ҳамин ноҳия 29 март, тахминан соати 13:30, дар анборхонаи ҳавлии истиқоматиашон бо роҳи худовезӣ даст ба худкушӣ задааст.
Ҳодисаи мазкур ба фаъолияти БДА рабт надорад. Зеро далели гӯё зимни идораи мошини тамғаи “Мерседес”-и ба падараш тааллуқдошта боздошт шудани ноболиғ асоси воқеӣ надошта, аз суханони падараш Набихоҷа Сулаймонзода аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт намебаромад ва ҳуқуқи рондани мошинро надошт. Ғайр аз ин падари ноболиғ Набихоҷа Сулаймонзода — Сулаймонов Нусрат Мирзоевич мошини тамғаи “Мерседес” надорад ва барои ягон намуд ҳуқуқвайронкунӣ ҷарима нашудааст.
Ба маълумоти истифодабарандагони ВАО мерасонем, ки сабабҳои даст ба худкушӣ задани ноболиғи мазкур аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ маълум карда мешаванд. Расонаҳои хабарӣ маълумотро дақиқ насанҷида, набояд хабарҳои бардурӯғ ва иғвоангез паҳн намоянд.










ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






