Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 27.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Фирдавсӣ, И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ дар шаҳри Душанбе №4 баргузор шуд. Пас аз анҷоми овоздиҳӣ Комиссияи ҳавзавии интихобот овозҳои додашударо ҳисоб намуда, натиҷаи интихоботро эълон кард. Дар натиҷа ба тарафдории номзад Рустами Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанбе 217 шумораи овозҳои вакилони интихобкунанда, ба тарафдории Амонзода Илҳом Темур – ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 214 шумораи овозҳо, ба тарафдоии Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ — ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 216 шумораи овозҳо, ба тарафдории Раҳмон Дилшод Сафарбек – декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 215 шумораи овозҳо ва ба тарафдории Одилбекова Лола Қиёмбековна – мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 213 шумораи овозҳои вакилони интихобкунандаи дар овоздиҳӣ иштироккарда дода шуданд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, интихобот тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъйин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» аз 4 декабри соли 2019 оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
«Дар интихобот аз 219 вакилони интихобкунандаи Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он 217 нафар ширкат варзиданд.Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Фирдавсӣ, И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино панҷ нафар номзадро ба аъзогии Маҷлиси миллӣ пешбарӣ намуданд. Аз ҷумла, тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, зимни овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби вакилони интихобкунанда номзадии Рустами Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, Амонзода Илҳом Темур – ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ноҳияи Фирдавсӣ, Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ — ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз ноҳияи Шоҳмансур, Раҳмон Дилшод Сафарбек – декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Одилбекова Лола Қиёмбековна – мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ноҳияи Сино ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буданд», — афзуд манбаъ.
Тавре Комиссияи ҳавзавии интихобот иттилоъ дод, ҳамаи номзадҳо шумораи овозҳои лозимиро гирифта, аъзои Маҷлиси миллӣ интихобшуда эътироф гардиданд.
Аъзои тозаинтихоби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе барои боварӣ ва изҳори иродаашон дар интихоби онҳо ба ҳайси аъзо ба ин мақоми олии қонунгузорӣ ба кулли сокинони шаҳр ва вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он изҳори сипосгузорӣ намуданд.
Бо ҳамин ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Фирдавсӣ, И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ дар шаҳри Душанбе №4 кори худро анҷом дод.










Имрӯз иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Бо иштироки 2500 нафар кӯдакон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
«QR-РОҲНАМО». Шаҳри Душанбе ба марҳилаи нави сайёҳии рақамӣ қадам мегузорад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки 20 ҳазор нафар ҳамоиши идона доир шуд
Рустами Эмомалӣ бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
Таҷлили бошукуҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко ба «Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю.А. Гагарини шаҳри Душанбе» ташриф оварданд






