Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингх мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 06.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Гуфта мешавад, ки мусоҳибон сатҳи кунунии муносибатҳои мавҷударо ҳамаҷониба таҳлил намуда, самту уфуқҳои нави ҳамкории мутақобилан судманди барои ҳар ду тараф муфидро муайян намуданд.
«Рустами Эмомалӣ ва Вираҷ Сингх атрофи мавзӯоти марбут ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ мубодилаи афкор намуданд», — афзуд манбаъ.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаҳои гуногуни инфрасохтори шаҳрдорӣ, аз ҷумла бунёди роҳҳо ва хоҷагии коммуналӣ як зумра лоиҳаҳои ҳамкориро ба роҳ мондааст ва оянда низ ин амал идома хоҳад ёфт.
Зикр шуд, ки мулоқоти имрӯза ба рушду густариши ҳамкорӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳаматарафа мусоидат хоҳад кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






