Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингх мулоқот намуд

Март 6, 2020 16:40

ДУШАНБЕ, 06.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустонро  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, ки мусоҳибон сатҳи кунунии муносибатҳои мавҷударо ҳамаҷониба таҳлил намуда, самту уфуқҳои нави ҳамкории мутақобилан судманди барои ҳар ду тараф муфидро муайян намуданд.

«Рустами Эмомалӣ ва Вираҷ Сингх атрофи мавзӯоти марбут ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ   мубодилаи афкор намуданд», — афзуд манбаъ.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаҳои гуногуни инфрасохтори шаҳрдорӣ, аз ҷумла бунёди роҳҳо ва хоҷагии коммуналӣ як зумра  лоиҳаҳои ҳамкориро  ба роҳ мондааст ва оянда низ ин амал идома хоҳад ёфт.

Зикр шуд, ки мулоқоти имрӯза ба рушду густариши ҳамкорӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳаматарафа мусоидат хоҳад кард.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.

Март 6, 2020 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад