Санаи бозиҳои «Хуҷанд» ва «Истиқлол» дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 маълум гардид

Март 4, 2020 10:30

ДУШАНБЕ,04.03.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Дар  нахустин даври марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020    дар гурӯҳи «D»  ду  даста  аз Тоҷикистон — «Истиқлол» ва «Хуҷанд» бо ҳам вориди  рақобат  мешаванд. Ин бозӣ 11  март,   соати 18:00, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе оғоз меёбад. Мавзӯи мазкурро  шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон   шарҳ  медиҳад.

Дастаи  футболи  «Хуҷанд»  дар гурӯҳи   «D»  бо   дастаҳои футболи  «Истиқлол» -и   Тоҷикистон, «Олтин Асир»-и  Туркманистон  ва  «Дордой» -и  Қирғизистон  рақобат хоҳад кард. Бозиҳо дар ин гурӯҳ 11  март шурӯъ мешаванд.

Тавре  қаблан хабар  додем, дастаи  футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд — дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон   дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии ҷавобии даври муқаддамотии  Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020-ро   ба  муқобили  дастаи футболи  «Нефтчӣ»-и Қирғизистон баргузор намуд.

Вохӯрии дастаҳо  пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби  3:0 ба нафъи дастаи  футболи  «Хуҷанд»-и Хуҷанд  хотима ёфт. Кӯшишу талошҳои футболбозони «Хуҷанд» самар оварданду дар дақиқаи 34-ум бо кумаки Дилшод Бозоров ҳисоб боз шуд. Аз сабабе, ки бозӣ дар Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ба нафъи дастаи  футболи  «Нефтчӣ» хотима ёфта буд, ба вақти иловагӣ расид. Дар дақиқаҳои 107-ум ва 119-уми майдондорӣ боз Дилшод Бозоров ду голи дигар ба ҳадаф расонида, дастаашро ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020  ворид кард.

Ҷоми АFC-2020

Минтақаи Марказӣ

Плей-офф. Бозии ҷавобӣ

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) «Нефтчӣ» (Қирғизистон) – 3:0

Голҳо: Дилшод Бозоров, 33, 107, 117

«Хуҷанд» (Хуҷанд, Тоҷикистон): Маъмур Икромов, Сироҷ Ҳамроев, Фирдавс Чақалов (Манучеҳр Аҳмадов, 114), Алишер Баротов (Манучеҳр Сафаров, 83), Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Чориев (Комрони Мирзонаҷот, 77), Абдулмуъмин Забиров, Санҷар Рихсибоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Андрей Сидоров (Амирҷон Сафаров, 120), Дилшод Бозоров (к).

«Нефтчӣ» (Қочқор-Ота, Қирғизистон): Михаил Паюш, Азамат Абдуллоев, Арген Жуматаев (Хидиралиев, 99), Азамат Омуралиев, Элдар Молдожунусов, Усон уулу Эсенбек (Умаров, 57), Кайрат Изаков (Иминов, 115), Алмазбек Маликов (к), Манас Карипов, Александр Игнатенко, Амир Шарифӣ.

Огоҳӣ гирифтанд: Абдулмуъмин Забиров, Фатҳулло Фатҳуллоев («Хуҷанд»), Азамат Омуралиев, Кайрат Изаков, Александр Игнатенко («Нефтчӣ»).

Беҳтарин бозигари дидор: Дилшод Бозоров («Хуҷанд»).

Сардовар: Аҳмад Файсал Муҳаммад Ал-Алӣ (Урдун).

Нозири доварон: Окада Масайоши (Ҷопон).

Комиссари бозӣ: Аҳмад Тиллоев (Узбекистон).

26-уми феврал. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 5200 тамошобин.

Бозии аввал — 0:1.

Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

11-уми март (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)

«Дордой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 2-юм

15-уми апрел (чоршанбе)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 3-юм

29-уми апрел (чоршанбе)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

Даври 4-ум

13-уми май (чоршанбе)

«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)

«Дордой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 5-ум

27-уми май (чоршанбе)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум

17-уми июн (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

«Дордой» (Қирғизистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)

Март 4, 2020 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд