Санаи бозиҳои Ҷоми «Лигаи футболи Тоҷикистон» муайян гардид
ДУШАНБЕ, 10.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 9 март қуръакашии мусобиқаи анъанавӣ барои ба даст овардани Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷаи он 10 дастаи Лигаи олӣ ба 3 гурӯҳ тақсим шуда, дар гурӯҳҳои «Б» ва «В» 3-тоӣ даста ва дар гурӯҳи «А» 4 даста ҷойгир шудаанд.
Гурӯҳи «А»
- «Душанбе-83»
- «Хатлон»
- «Регар-ТадАЗ»
- «Кӯктош»
Гурӯҳи «Б»
- «Файзканд»
- «Истиқлол»
- «Истаравшан»
Гурӯҳи «В»
- «Локомотив-Помир»
- «Хуҷанд»
- «КМВА»
Бозиҳо аз 10 то 19 март дар майдони осоишгоҳи «Баҳористон» ва Маркази таълимии «Бонки миллии Тоҷикистон» баргузор мегарданд. Ба хотири беҳдошти саломатии мардум ва риояи дастурҳои Вазорати тандурустии мамлакат Кумитаи тадорукот тасмим гирифтааст, ки бозиҳо бидуни иштироки мухлисон баргузор шаванд. Бояд гуфт, ки тамоми хароҷоти дастаҳо барои иштирок дар машқҳо ва мусобиқа пурра аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон пардохт карда мешавад.
Даври 1-ум. 10 март.
Гурӯҳи «А»
«Душанбе-83» — «Кӯктош»
«Хатлон» — «Регар-ТадАЗ»
Гурӯҳи «Б»
«Истиқлол» — «Истаравшан»
Гурӯҳи «В»
«Хуҷанд» — «КМВА»
Даври 2-юм. 12 март.
Гурӯҳи «А»
«Кӯктош» — «Регар-ТадАЗ»
«Душанбе-83» — «Хатлон»
Гурӯҳи «Б»
«Файзканд» -«Истиқлол»
Гурӯҳи «В»
«Локомотив-Помир» — «Хуҷанд»
Даври 3-юм. 14 март.
Гурӯҳи «А»
«Регар-ТадАЗ»- «Душанбе-83»
«Хатлон» — «Кӯктош»
Гурӯҳи «Б»
«Истаравшан»- «Файзканд»
Гурӯҳи «В»
«КМВА» — «Локомотив-Помир». Оғоз -14:30, майдони «БМТ»
Бозиҳои марҳилаи нимниҳоӣ. 16 март.
Бозӣ барои ҷои 3-юм. 18 март. Оғоз -10:30, майдони «БМТ»
Бозии финалӣ. 18 март. Оғоз -14:30, майдони «Баҳористон».








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард






