Шамшод Абдуллоев дар мусобиқаи гӯштин дар ноҳияи Рашт Шоҳҷоиза-мошини «Mercedes-Benz»-ро соҳиб гардид

Март 30, 2020 16:00

ДУШАНБЕ, 30.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони ноҳияи Рашт ба  ифтихори  ҷашни Наврӯзи  хуҷастапай  дар ноҳия мусобиқаи гӯштини миллӣ  бо шукӯҳу шаҳомати хосса    баргузор  гардид. Хурду бузург дар варзишгоҳи ноҳия ҷамъ  омада, аз тамошои сабқатҳои ҷолиби гӯштингирӣ лаззат бурданд. Дар интиҳои мусобиқа паҳлавон Шамшод Абдуллоев дастболо шуда, соҳиби Шоҳҷоиза-мошини «Мерседес Бенз»  гардид.

Дар ин бора шореҳи варзиш Муродалӣ Тешаев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Мусобиқаи гӯштини миллӣ 29  март  дар Варзишгоҳи марказии ноҳия доир шуд. Паҳлавонони шуҳратёр аз саросари мамлакат барои Шоҳҷоиза  мубориза бурданд. Дар қатори ҷавонону калонсолон дар чорабинии гӯштини Раштонзамин ҳамчунин наврасон низ ҷалб шуда буданд. Дар марҳилаи муқаддамотии вазни мутлақ варзишгарони маъруф, аз қабили Шамшод Абдуллоев, Суҳроб   Маҳмадиев, Комроншоҳи Устопириён ва Ҳамроз Раҷабов барои Шоҳҷоиза мубориза бурданд.

Комроншоҳи Устопирён дар рақобати якум бо Суҳроб Маҳмадиев сабқатро мусовӣ ба анҷом расонид. Ҳамчунин дар сабқати  дуюм бо гӯштингири ноҳияи Рӯдакӣ ғалаба ба даст оварда натавонист.    Барои Шоҳҷоиза- мошини  сабукрави  «Опел»  паҳлавонони шинохтаи тоҷик   Қандил Саидов аз ноҳияи Рашт бо Муҳаммадшариф Наҷмуддинов аз ноҳияи  Файзобод байни ҳам сабқат карданд.   Баъд аз қуввазмоиҳои шадид дар ин рақобат низ ғолиб муайян нашуд.

Ҳамчунин барои Шоҳҷоизаи дигар-мошини «Мерседес Бенз»    гӯштингири мизбон — Шамшод Абдуллоев бо Суҳроб   Маҳмадиев аз шаҳри Ваҳдат   миёни ҳам  қувва  санҷиданд.

Дар натиҷа Шамшод Абдуллоев дастболо шуда, соҳиби Шоҳҷоиза-мошини «Мерседес Бенз»  гардид.

Март 30, 2020 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад