Шумораи беморони гирифтори коронавирус дар Қазоқистон ба ҳашт нафар расид

Март 16, 2020 11:23

ДУШАНБЕ, 16.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Боз ду ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар Қазоқистон  ошкор гардид.  Дар ин бора Вазири тандурустии  Ҷумҳурии Қазоқистон Елжан Биртанов иттилоъ дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии иттилоотии байналмилалии  «Казинформ».

«Субҳи имрӯз ду бемор ба таври иловагӣ номнавис шуданд. Соли таваллуди ин зан  1959 буда,  ӯ дар беморхонаи касалиҳои сироятӣ, дар Алмаато табобат мегирад. Мавсуф ҳамсари марди беморест, ки қаблан дар беморхона  табобат меёфт. Онҳо сари вақт аз дигарон ҷудо карда  шуданд. Тамоми шахсони бо онҳо дар робита буда муайян карда шуда, аз дигарон ҷудо нигоҳ дошта  мешаванд»,- гуфт  Елжан Биртанов дар брифинги Вазорати тандурустӣ.

«Бемори дуюм марди соли таваллудаш 1995 мебошад. Ӯ дирӯз бо хатсайри Алмаато-Сеул парвоз кардааст»,- илова намуд вазир.

Қаблан Вазорати тандурустӣ иттилоъ дода буд, ки 1425 нафар  дар муассисаҳои тиббӣ ва   496 нафар дар хона ба карантин фаро гирифта шудаанд.

Март 16, 2020 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон