Шумораи беморони гирифтори коронавирус дар Қазоқистон ба ҳашт нафар расид
ДУШАНБЕ, 16.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Боз ду ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар Қазоқистон ошкор гардид. Дар ин бора Вазири тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон Елжан Биртанов иттилоъ дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии иттилоотии байналмилалии «Казинформ».
«Субҳи имрӯз ду бемор ба таври иловагӣ номнавис шуданд. Соли таваллуди ин зан 1959 буда, ӯ дар беморхонаи касалиҳои сироятӣ, дар Алмаато табобат мегирад. Мавсуф ҳамсари марди беморест, ки қаблан дар беморхона табобат меёфт. Онҳо сари вақт аз дигарон ҷудо карда шуданд. Тамоми шахсони бо онҳо дар робита буда муайян карда шуда, аз дигарон ҷудо нигоҳ дошта мешаванд»,- гуфт Елжан Биртанов дар брифинги Вазорати тандурустӣ.
«Бемори дуюм марди соли таваллудаш 1995 мебошад. Ӯ дирӯз бо хатсайри Алмаато-Сеул парвоз кардааст»,- илова намуд вазир.
Қаблан Вазорати тандурустӣ иттилоъ дода буд, ки 1425 нафар дар муассисаҳои тиббӣ ва 496 нафар дар хона ба карантин фаро гирифта шудаанд.








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






