Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия ба 147 ва дар Ӯзбекистон ба 15 нафар расид
ДУШАНБЕ, 18.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Ӯзбекистон мутаносибан ба 147, 84, 51, 35 ва 15 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.
Қаблан шумораи гирифторони коронавирус дар Россия 114 нафар, дар Арманистон — 78, дар Беларус — 36, дар Қазоқистон – 33 ва дар Ӯзбекистон – 11 нафар буд.
Ёдовар мешавем, ки ба ҳолати субҳи 18 март дар Озарбойҷон — 34, дар Молдова — 30, дар Украина 7 ва дар Қирғизистон – 3 ҳолат ба қайд гирифта шуд.
Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи гирифторони коронавирус бетағйир боқӣ монда, 22 нафарро ташкил медиҳад , ки миёни онҳо як нафар аз беморхона ҷавоб шуд.
Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард. Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 200 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 8 ҳазор нафар вафот карда, беш аз 82,8 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 6,4 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.
АКС аз Михаил Семенов/ТАСС








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






