Шурӯъ аз 17 март Иттиҳоди Аврупо ҳамаи сарҳадҳояшро баст
ДУШАНБЕ, 17.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Иттиҳоди Аврупо аз сабаби авҷ гирифтани хуруҷи коронавирус шурӯъ аз 17 март ба муҳлати 30 рӯз ҳамаи сарҳадҳои иттиҳодро мебандад. Дар ин бора Президенти Франсия Эммануел Макрон зимни муроҷиати телевизионӣ ба мардум хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Нисфирӯзии рӯзи душанбе, сарҳадҳои Иттиҳоди Аврупо ва минтақаи раводиди Шенген ба муҳлати 30 рӯз баста мешаванд. Дар ин муддат рафтуомад миёни дигар мамлакатҳо ва Иттиҳоди Аврупо боз дошта мешавад», — гуфт Макрон ва илова намуд, ки «ин қарори умумии қабулнамудаи лидерони аврупоӣ буда, субҳи имрӯз қабул гардид».
Макрон илова намуд, ки хатари коронавирус воқеият гардид.
Мо,- гуфт Президент, дар ҳолати ҷангӣ қарор дорем, душманро намебинем, вале он вуҷуд дорад ва ҳуҷум мекунад. Дар ҳамин ҳол Макрон аз шаҳрвандон даъват ба амал овард, ки дар хонаҳояшон истода, оромиро нигоҳ доранд.
Мавсуф афзуд, ки барои пешгирии ин беморӣ ҳукумат чораҳои заруриро муайян менамояд.
Президент огоҳ намуд, ки «барои ҳама намуд вайрон кардани қоидаҳо ҷазо дода мешавад».
АКС: © Рейтерс/Phil








Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






