СУТ: хавфи ба пандемия табдил ёфтани коронавирус воқеӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 10.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо афзун шудани шумораи беморони коронавируси COVID-19 хавфи ба пандемия мубаддал гаштани ин беморӣ воқеӣ гардид. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора роҳбари Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) Тедрос Адханом Гебрейесус иттилоъ дод. Ба қавли ӯ , бемории номбурдаро метавон назорат намуд.
«Акнун, ки коронавируси нав дар кишварҳои зиёд паҳн шудааст, хатари пандемия воқеӣ аст. Аммо, ин дар таърих аввалин пандемияе мебошад, ки онро назорат кардан мумикин аст»,- гуфт ӯ дар брифинг дар Женева.
Пандемия бемориест, ки табиати оммавӣ дошта, ба тамоми аҳолӣ асар менамояд, дар қаламрави кишвар, ҳамсоякишварҳо ва ё ба дигар давлатҳои ҷаҳон низ паҳн мешавад.
Ёдрас менамоем, ки шумораи шахсони гирифтори коронавируси нав ба 111 ҳазор нафар расида, зиёда аз 3,8 ҳазор нафари дигар фавтидаанд. Вирус берун аз ҳудуди Чин низ паҳн гаштааст, ки бори нахуст он охири соли 2019 ошкор гардида буд. Дар Россия 23 ҳолати беморӣ ба қайд гирифта шудааст.








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






