Зиёда аз 5 ҳазор нафар дар Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ иштирок намуданд

Март 14, 2020 12:17

ДУШАНБЕ, 14.03.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ифтихори иди Наврӯзи байналмилалӣ Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ баргузор гардиданд. Дар Дав ва веломарофони имсола зиёда аз 5 ҳазор нафар фаъолона иштирок намуданд. Аз ҷумла, намояндагони  тамоми сохторҳои давлатӣ фаъолона иштирок доштанд.

Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедрониро Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода ифтитоҳ намуда,  доир ба ҳадафи чорабинӣ ва тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти рушди варзиш ва солимгардонии ҷомеа ибрози андеша намуд.

Ба ғолибон ва иштирокчиёни ин мусобиқаи варзишӣ диплому ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи олимпӣ тақдим карда шуданд.

Дар ин мусобиқаҳо, аз ҷумла кормандони АМИТ «Ховар» низ дар қатори дигар иштирокчиён ширкати фаъолона намуда, сазовори диплом гардиданд.

Бояд гуфт, ки мусобиқаҳои варзишии мазкур бо мақсади иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҷлили бошукуҳи Иди байналмилалии Наврӯз, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаёти солим доир гардиданд.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзишии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Носир Бозоров изҳор намуд, «имрӯзҳо ин мусобиқаҳои варзишӣ барои обу тоби бадан ва  солимгардонии аҳолӣ дар сар то сари ҷумҳурӣ доир мегарданд, ки баргузории ин гуна чорабиниҳо барои таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонию варзиш ва ташвиқу тарғиби ҳаёти солим равона гардидаанд».

Март 14, 2020 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад