Вазорати фарҳанг: бо мақсади пешгирии сирояти коронавирус барномаҳои наврӯзӣ дар доираи маҳдуд гузаронида мешаванд
ДУШАНБЕ, 04.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то имрӯз дар мамлакат ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Тадбирҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат андешида мешаванд, танҳо бо мақсади пешгирӣ аз ин беморӣ ба роҳ монда шудаанд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, сайругаштҳои оммавӣ бо ташкили барномаҳои идона дар боғҳои фарҳангию фароғатии ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ баргузор мегарданд. Ҳамзамон, маъракаи гулшинонию ниҳолшинонӣ низ ба таври васеъ ба роҳ монда мешавад.
Ҳамчунин барномаҳои ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо даъвати шумораи маҳдуди меҳмонон ва ҳунармандон баргузор мешаванд.
Тибқи дастури Ситоди доимоамалкунандаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои омодагӣ бо иштироки донишҷӯён ва хонандагон бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ қатъ карда шуданд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






