ВОҲИД АСРОРӢ – ПИРИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИКИСТОН. Ба Рӯзи матбуоти тоҷик бахшида мешавад

Март 11, 2020 08:18

ДУШАНБЕ, 11.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон 11 март     Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад. Таҷлили ин сана аз рӯзи нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ-«Бухорои шариф», ки нахустшуморааш 11 марти соли 1912 бо ташаббуси Мирзо Муҳиддин Мансурзода ва Мирзо Сироҷи Ҳаким ба табъ расидааст, сарчашма мегирад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» бахшида ба ин санаи муборак хонандагонро бо зиндагиномаи омӯзгор,  ҷанговар — ҳомии Ватан, шоир,  фолклоршинос, муҳаққиқи адабиёт, муаллифи китобҳои дарсӣ, тарҷумон, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,  доктори илмҳои филология, профессор Воҳид Мирашӯрович Асрорӣ, ки дар таъсиси факултаи журналистика ва тарбияи рӯзноманигорон саҳми намоён гузоштаанд, шинос менамояд.

Аслан шодравон Воҳид Асрорӣ  ба муаррифӣ ниёз надорад, зеро ӯро пири журналистони Тоҷикистон ном мебаранд.  Тавре устоди зиндаёд Пайванд  Гулмуродзода  иброз дошта буд, «бузургии устод В.Асрорӣ дар он аст, ки дар ҳама ҳолат, бо ҳама кас, дар ҳама ҷо  якрӯ буданд ва ҳамеша  аз  рӯи ҳақиқат гуфтору рафтор мекарданд. Маҳз ҳамин хислатҳо — якрӯиву ҳақталошӣ  устодро  миёни шогирдону ҳамкорон обрӯманду соҳибиззат  гардонид». Муҳаббати беандозаи шогирдон ба устод аз ҳамин сарчашма об мехӯрад.

Устоди Донишгоҳи славянии Россияву  Тоҷикистон, профессор Абдусаттор Нуралиев  зимни ёдоварӣ аз Воҳид Асрорӣ зикр кард, ки «устод  барои таъсиси факултаи  журналистика дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон талоши зиёд намуда, яке аз асосгузорони он маҳсуб мешавад. Дар соҳаи фолклоршиносӣ ҳам  заҳматҳои  муаллим беназиранд. Ӯ дар ин самт 5 нафар аспирантонро, ки беҳтарин мутахассисони ин соҳа мебошанд, тарбия  намудааст».

«В.Асрорӣ барои таъсиси факултети журналистика ҳанӯз аз соли 1967 талош мекард. Ӯ дар ин бора    дар  рӯзномаҳои даврӣ мақолаҳои зиёд ба нашр расонида,  барои расидан ба ин ҳадаф  фурсатҳои муносибро ҳам истифода мебурд. Дар Анҷумани 5-уми журналистони Тоҷикистон ин масъала ҳалли худро ёфт, зеро он бо ҳузури  котиби якуми  Кумитаи Марказии  Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон  Қаҳҳор Маҳкамов доир гардид. Дар  анҷуман Воҳид Асрорӣ ва  Ғоиб Қаландаров  доир ба зарурати таъсиси факултаи журналистика ва аҳамияти он  дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа  суханронии пурмуҳтаво намуданд. Натиҷаи ҳамин анҷуман буд, ки соли 1992 факултети журналистика ва тарҷумонӣ ташкил ёфт»,- афзуд А.Нуралиев.

Дар ин маврид устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор  Мурод Муродӣ  зикр намуд, ки «ташкили факултет дар назди устодони ин соҳа масъалаҳои нав ба миён гузошт. Дар навбати аввал зарур буд, ки бо забони тоҷикӣ китобу дастур ва барномаҳои таълимии ихтисосӣ навишта шаванд. Дар ин кор  Воҳид Асрорӣ раҳнамову маслиҳатгар буд, зеро ҳам аз журналистикаи амалӣ ва ҳам аз илми ин соҳа хуб воқиф буд. Чандин китобу дастур ва барномаҳои таълимии «Журналистика» зери таҳрири ӯ омода ва чоп гардиданд».

Воҳид Асрорӣ  панҷоҳ сол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шогирдон сабақ дода, дар  тайёр кардани  журналистони касбӣ  нақши намоён  гузоштааст.  Номбурда солҳои зиёд  вазифаи декани факултети филологияи ДМТ (1968-1973) ва мудирии  кафедраро (1969-1996) бар дӯш дошт.

В. Асрорӣ 7 ноябри соли 1917 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, солҳои 1932-1933 дар Омӯзишгоҳи педагогии Сталинобод таҳсил намудааст.  Ӯ соли 1933 фаъолияти меҳнатиро дар мактаби ҷамоати Ёвон оғоз намуда, пас аз соле ба Мактаби намунавии политехникии шаҳри Сталинобод ба кор гузашт. Мавсуф  соли 1938 пас аз хатми Институти тоҷикии дусолаи муаллимии Тошканд то соли 1942 дар Омӯзишгоҳи педагогии Сталинобод муаллимӣ карда, солҳои 1942-1944 дар сафи Армияи Сурх хизмат намудааст. В.Асрорӣ   иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ буда, сентябри соли 1944 пас аз табобати захм ба ақибгоҳ фиристода шуд.

Асрорӣ солҳои 1944-1946  ҳамчун нозири (инспектори) Назорати давлатии РСС Тоҷикистон фаъолият дошта, соли 1949 Институти давлатии педагогии шаҳри Душанберо хатм намудааст.

Ӯ солҳои 1946-1950   ба ҳайси ҷонишин ва муҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ифои вазифа намуда, солҳои 1949-1952 аспирант, солҳои 1952-1957 муаллими калон, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Душанбе будааст.

Асрорӣ солҳои 1957-1968 ҳамчун  дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик, солҳои 1968-1973 дар вазифаи декани факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон, солҳои 1969-1992 ҳамчун мудири кафедраи фолклор ва адабиёти халқҳои СССР, солҳои 1992 – 1996 ба ҳайси мудири кафедраи матбуоти факултети журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

«Самти муҳимтарин ва асоситарини фаъолияти Воҳид Асрорӣ омӯзгорӣ буд. Ӯ тамоми умри пурбаракати худро сарфи ин касб кардааст. Муаллими мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, муаллими омӯзишгоҳ, муаллими донишкада, муаллими донишгоҳ ва муаллими зиндагӣ буд. Ин аст, ки аксар ӯро чун муаллими муаллимон, устоди устодон мешинохтанду мешиносанд. Муаллим будан барояш масъулият ва ҳатто рисолати бузурги инсонӣ маҳсуб меёфт. Ӯ пешаи омӯзгориро бо пажӯҳиши илмӣ тавъам медонист. Муътақид буд, ки рисолати бузургтар ва бартарии устод тарбияи инсон аст. Инсоне, ки моҳияти зиндагиро дуруст дарк карда метавонад, фарҳангу адабиёти собиқаи халқи худро хуб медонад, анъанаи гузаштагонро давом медиҳад, адолатҷӯву ҳақталош аст, ватанашро дӯст медорад, бо кору амали ибратомӯзаш зиндагиро рангин мегардонад, дар пешрафти ҷомеа саҳм мегузорад»,- иброз дошт М.Муродӣ.

Номбурда,  дар  ин мақола доир ба дигар паҳлуҳои фаъолияти В. Асрорӣ ибрози назар намуда, аз ҷумла чунин  зикр намудааст: «Солҳои зиёд дар заминаи таҷрибаи андӯхтаи худ барои муҳассилини макотиби миёнаву олӣ китобҳои дарсӣ таълиф намудааст, ки «Забони тоҷикӣ» барои синфҳои 2-3 ва «Эҷодиёти даҳонакии халқ» мисоли онҳост. Агар китоби «Забони тоҷикӣ» барои синфҳои 2-3  солҳои 1960 то 1980 дар тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ ҳамчун китоби дарсӣ омӯзонида мешуд,  китоби дуюм дар Ҷумҳурии Афғонистон бозгардон шуда, то имрӯз ба сифати воситаи таълим истифода мешавад.

Номбурда ҳамчунин нигоштааст, ки В.Асрорӣ дар  тарҷумаи  асарҳо аз забони русӣ ба тоҷикӣ низ нақши босазо дошт, ки    романи Парда Турсун «Роҳи муаллим» (1950), повести Абдулло Қаҳҳор «Синчалак» (1992) ва чандин шеъру ҳикояҳои Владимир Маяковский, Аркадий Гайдар, Маршак, Швартс, Сергей Михалков, Уткин, шеърҳои шоирони ӯзбек – Мирмуҳсин, Асқад Мухтор, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ва  дигарон намунае аз онҳост. Ин фаъолият маҳорати тарҷумонии ӯро сайқал дод, ки баъдтар дар ҷараёни таълими ихтисоси рӯзноманигор-тарҷумон дарсҳои тахассусии «Тарҷумаи бадеӣ» ва «Таҳрири адабӣ»-ро ҷорӣ намуд».

Воқеан ҳам вақте ки ба зиндагинома ва мероси илмиву адабии Воҳид Асрорӣ шинос мешавем, мушоҳида мегардад, ки устод  умри хешро сарфи соҳаҳои адабиётшиносӣ, фолклоршиносӣ, омӯзгорӣ  ва тарҷумонӣ  намудааст.

Оид ба масъалаҳои назариявии фолклор, таърихи фолклоршиносии тоҷик, навъҳои фолклор асарҳоеро бо номи «Халқ ва адабиёт» (1968), «Адабиёт ва фолклор» (1967), «Фолклор, халқият, нависанда» (1982), «Жанрҳои хурди фолклорӣ», (1990), «Юсуф Вафо», (1957) ва мақолаҳои зиёде таълиф намудааст. Асрорӣ ба масъалаи муносибати адабиёт ва фолклор, истифодаи нависандагон аз фолклор таваҷҷуҳи хосса дошт («Фолклор, халқият, нависанда», 1982). Дар ин ҷода симои эҷодии ӯ чун адабиётшинос ҷилва намудааст. Нахустин шеъру ҳикояҳои ӯ  дар саҳифаҳои матбуот солҳои 1940 ба табъ расидаанд.

Мавсуф  муаллифи маҷмӯаҳои «Салом мактаб» (1951), «Ҳардуяшон нағз» (1962), «Замзамаи ҳаёт» (1964), «Шарораҳо» (1997) буда,  барои мактабҳои миёна («Забони тоҷикӣ» барои синфҳои 1-ум ва 2-юм, 1950–1984) ва барои мактабҳои олӣ («Эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик», 1980, ҳамроҳи Р. Амонов; с. 1985 дар Кобул низ нашр шуд) китобҳои дарсӣ таълиф намудааст. Номбурда ҳамчунин муаллифи китобҳои дарсии «Забони тоҷикӣ» (барои синфҳои 1, 2, 1950–1984), «Забони тоҷикӣ» (барои чаласаводон, 1950) мебошад.

«Курси чорум мехондем, ки устод вафот карданд. Бо супориши садорати факултет мо чанд нафар писарон дар рўзи маросими дафн ба хонаи устод рафта будем. Чанд соате дар хонае, ки майит хоб буд, чун навбатдор меистодем. Дар ҷанозаи устод будем ва тобутро болои мошини боркаш дошта, то қабристон бурдем. Ҷои баланду  хушҳавои пойтахт манзили охирати устод буд. Мегӯянд, ки хосияти қабристонҳо он аст, ки ҳамеша дар теппаҳои баланд қарор мегиранд. Ин як навъи эҳтиром ба мурдагон будааст. Аммо гумон мекунем, ки баландиҳоро ихтиёр кардани мурдагон асрори дигар дорад. Онҳо дар олами худ зиндаанд ва то як рўзи дигар интизори чизе ҳастанд. Аз баландиҳо бесадову хомўш алфозу ҳарфҳову достонҳои ногуфта доранд, ки мо онро намефаҳмем. Гўё онҳо зиндаҳоро назорат мекунанд ва имрўз аз он водии хомўшон устодону бузургон гўё ҳамаи моро назорат доранд. Махсусан биноҳои шаҳраки донишгоҳро, ки Воҳид Асрорӣ солҳои охири умри худро дар онҷо сипарӣ карда буданд… Ҳар гоҳе ба он теппаҳои баланд менигарем, тири нигоҳ зуд дар олами хаёл ғулғулаеро ба миён меорад. Насими сарде, ки аз ин водӣ ба сўи ин биноҳо меояд, замзамаи чунин оҳангеро дорад, ки дар тафсири он мушкиле нест: «Рафтанду равему боз оянду раванд», — чунин ёдоварӣ намудааст яке аз шогирдони устод В.Асрорӣ дар сомонаи факултаи журналистикаи ДМТ.

Ҳизматҳои беназири  Воҳид Асрорӣ қадрдонӣ гардида, алҳол  Ҷоизаи ба номи устод Воҳид Асрорӣ таъсис дода шудааст. Ҷоизаи  мазкур  дуюмин ҷоиза дар соҳаи матбуот аст, ки соли 2006 бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон таъсис ёфт ва ба журналистони донишҷӯ супорида мешавад.

Инчунин дар факултаи журналистикаи ДМТ китобхонае бо номи «Ганҷинаи Воҳид Асрорӣ» фаъолият дорад, ки  ташнагони илм аз он баҳра мебаранд.

Ба поси  хотири ин марди шариф шогирдони шинохтаи  В.Асрорӣ — Иброҳим Усмонов, шодравон Пайванд Гулмуродзода, Мурод Муродӣ ва дигарон китоб навиштаанд, ки дар онҳо тамоми паҳлӯҳои фаъолияти устод инъикос гардидаанд.

Вале боварам комил аст, ки барои устоди арҷманди мо — Воҳид Асрорӣ баландтарин унвон ин аст, ки ӯро журналистони тоҷик мураббии  хеш медонанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Март 11, 2020 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент