Раисони вилоятҳо ва як қатор шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон телефонӣ ҳисобот доданд
ДУШАНБЕ, 14.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилояти Суғду Хатлон, шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияҳои Шаҳринав, Рӯдакӣ, Варзоб, Ваҳдат ва Файзобод телефонӣ ҳисобот доданд.
Дар ҷараёни суҳбати телефонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои номбаршударо оид ба рафти тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ, кишту кори баҳорӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шуниданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилояти Суғду Хатлон, шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияҳои Шаҳринав, Рӯдакӣ, Варзоб, Ваҳдат ва Файзобод барои иҷрои босифати саривақтии нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати мамлакат, нақшаву барномаҳои давлатӣ дар самти тақвияти тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ва кабудизоргардонӣ, киштукори баҳорӣ, бахусус кишти пахтаю сабзавот ва мусоидат ба ҳали ҳар як мушкилоти мардум, таъмини фаровонии бозори истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ, боз ҳам беҳтар гардондани кори муассисаҳои соҳаи маориф, фарҳанг ва тандурустӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки ба муроҷиатҳои шаҳрвандон эътибори аввалиндараҷа дода, бартарафсозии мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаро саривақт таъмин намоянд ва тадбирҳои ободонию бунёдкориро дар қаламрави вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин барои тозаю озода ва беҳдошти муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, кӯчаву хиёбон ва марказҳои фарҳангию фароғатӣ ҷиҳати таҷлили бошукуҳи ҷашни байналмилилалии Наврӯз дастурҳои қатъӣ доданд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон






