Ҷашнгоҳи дигари наврӯзӣ дар Душанбе Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ гардид
ДУШАНБЕ, 21.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе маросими идона бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар боғи фарҳангӣ гӯшаҳои намоиши китоб, хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, сохтани гул ва дарахт аз муҳра ва ҳафтсину ҳафтшин ҳамчун оинҳои ҷашни наврӯзӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Тавре сокини ноҳияи Фирдавсӣ Мавлуда Шарофова иброз дошт, Наврӯз аз ҷашнҳои кадимии халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, он ҳангоми баробар шудани шабу рӯз дар нахустин рӯзи баҳор ва солшумории хуршедӣ фаро мерасад. Аз ин рӯ, Наврӯзро «ҷашни сари сол» низ меноманд. Ҳазорон сол қабл Наврӯз марбут ба кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста мебошад.
Ҳамчунин дар Амфитеатри Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барномаи ҷолиби фарҳангӣ доир гардида, дар ҷараёни он озмуни ноҳиявии «Сайри гули лола», ки бо мақсади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарбияи ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию сабзазоркунӣ, баланд бардоштани завқи эстетикӣ, зебошиносӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ ва сатҳи маърифати экологии сокинон, тозагии муҳити зист ва бунёд намудани гулгаштҳо гузаронида шуда буд, ҷамъбаст гардид.
Зикр шуд, ки Наврӯз на танҳо оғози кори марди деҳқон, балки шурӯъ гардидани ҳама гуна ташаббусҳои созанда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ, тозаву озода намудани манзили зист, сарсабзу гулпӯш кардани хиёбону майдонҳо дар тамоми қаламрави мамлакат мебошад.









«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд






