Ҷашнгоҳи дигари наврӯзӣ дар Душанбе Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ гардид

Март 21, 2020 12:18

ДУШАНБЕ, 21.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии ноҳияи Фирдавсии  шаҳри Душанбе маросими идона бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар боғи фарҳангӣ гӯшаҳои намоиши китоб, хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, аз  қабили қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, сохтани гул ва дарахт аз муҳра ва ҳафтсину ҳафтшин ҳамчун оинҳои ҷашни наврӯзӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Тавре сокини  ноҳияи Фирдавсӣ Мавлуда Шарофова иброз дошт, Наврӯз аз ҷашнҳои кадимии халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, он  ҳангоми баробар шудани шабу рӯз дар нахустин рӯзи баҳор ва солшумории хуршедӣ фаро мерасад. Аз ин рӯ, Наврӯзро «ҷашни сари сол» низ меноманд. Ҳазорон сол қабл Наврӯз марбут ба кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз  зимистон фаро мерасад, вобаста мебошад.

Ҳамчунин дар Амфитеатри Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барномаи ҷолиби фарҳангӣ доир гардида, дар ҷараёни он озмуни ноҳиявии «Сайри гули лола», ки  бо мақсади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарбияи ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию сабзазоркунӣ, баланд бардоштани завқи эстетикӣ, зебошиносӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ ва сатҳи маърифати экологии сокинон, тозагии муҳити зист ва бунёд намудани гулгаштҳо гузаронида шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Зикр шуд, ки Наврӯз на танҳо оғози кори марди деҳқон, балки шурӯъ гардидани ҳама гуна ташаббусҳои созанда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ, тозаву озода намудани манзили зист, сарсабзу гулпӯш кардани хиёбону майдонҳо дар тамоми қаламрави мамлакат мебошад.

Март 21, 2020 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд