ИНТИХОБОТ-2020. 1 млн 150 ҳазору 37 нафар ё 23,4% интихобкунандагон то соати 09:00 дар интихобот ширкат варзиданд
ДУШАНБЕ, 01.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. То соати 09:00 дар саросари мамлакат 1 млн 150 ҳазору 37 нафар ё 23,4% интихобкунандагон дар интихобот ширкат варзида, ба номзадҳои арзандаи худ овоз доданд. Дар ин бора узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ Носирҷон Салимӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Имрӯз ҷомеаи мо дар маъракаи хеле муҳими сиёсӣ- интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки он аз ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ маданияти баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро ба хотири ободии фардои мамлакат ва наслҳои оянда тақозо мекунад.
Дар ин лаҳзаҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои озоду шаффофи интихоботӣ бо эътимод ба имрӯзу фардои дурахшони Ватани маҳбуб дар маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи шаҳрвандии худро иҷро намуда истодаанд.
Феълан дар 3412 участкаҳои интихоботӣ раванди овоздиҳии интихобкунандагон идома дорад.
Маълумоти тоза доир ба иштироки интихобкунандагон хабар дода мешавад.
АКС: © Михаил Егиков/ТАСС








Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






