Зиёда аз 110 шумораи нусхаи электронии «Бухорои шариф» дар Тоҷикистон мавҷуд аст

Март 11, 2020 14:34

ДУШАНБЕ, 11.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастуру супоришҳои роҳбарияти олии сиёсии мамлакат соли 2012 нусхаҳои электронии «Бухорои шариф» ба Тоҷикистон оварда шуданд. Ҳоло дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 110 нусхаи электронии он мавриди истифодаи пажӯҳишгарону донишмандон, рӯзноманигорон, донишҷӯён ва хонандагон қарор дорад.

Тибқи пажӯҳиши иддае аз муҳаққиқон, нусхаҳои аслии рӯзномаи «Бухорои шариф» дар Истанбул, бойгониҳои Россия, Қазон ва Эрон шояд вуҷуд дошта бошанд, зеро «Бухорои шариф» бо теъдоди 800 нусха нашр мегардид ва на танҳо дар Бухоро, балки дар минтақаҳои мусулмоннишини ин мамлакатҳо низ паҳн мешуд.

11 март дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ба ин рӯз рост омадани он рамзӣ мебошад, зеро маҳз 108 сол муқаддам, 11 марти соли 1912 аввалин шумораи нахустрӯзномаи сирф тоҷикӣ- «Бухорои шариф» ба нашр расидааст. Қаблан ин ид 5 май ҷашн гирифта мешуд ва пас аз соҳибистиқлолии мамлакат соли 1994 Парлумони Тоҷикистон 11 мартро Рӯзи матбуоти тоҷик эълон кард. Инак он ҳамасола бо баргузории барномаҳои мухталифи фарҳангиву маърифатӣ таҷлил карда мешавад.

Аз ҷумла, имрӯз ба ин муносибат дар Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир мегардад.

Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳи онанд, ки матбуоти тоҷик аз давраи пайдоиш то ба имрӯз давраҳои гуногуни фаъолиятро аз сар гузаронидааст. Шурӯъ аз асри 19, ки матбуот арзи вуҷуд кард, рӯзномаву маҷаллаҳо дар шаклҳои гуногун ба нашр мерасиданд. Дар баробари он, ки     рӯзномаҳо замони ҳукумати подшоҳӣ бо забонҳои ғайритоҷикӣ ба нашр мерасиданд, эълону огоҳиномаҳо бо забони тоҷикӣ нашр мешуданд.

Шумораи нахустини ин рӯзнома 11 марти соли 1912 дар матбааи Когон ба нашр расид. Аҳли маориф ва  зиёиёни ҳамонвақтаи шаҳри Бухоро дар таъсиси ин  нашрия саҳми бевосита доштанд. Инҳо ду тан аз маорифпарварони Бухоро- Мирзомуҳиддин Мансурзода ва Мирзосироҷи Ҳаким буданд ва дар пайи таъсиси нашрияи тоҷикие дар Ватани худ шуданд. Ниҳоят баъди гуфтугузори зиёд соҳиби матбааи хусусии Когон- Левини яҳудиро ба суҳбат кашида, ӯро муътақид сохтанд, ки аз нашри рӯзнома  фоидаи зиёде метавонад ба даст биоварад. Онҳо бо ҳамдастию ёрии дӯстони бухороии худ аз идораи ҳам амири Бухоро ва ҳам элчихонаи Россияи подшоҳӣ дар Бухоро иҷозати чоп гирифтанд, ки ин кор дар он давр хеле мушкил буд, зеро амири Бухоро намехост, ки мардум рӯзномахон, аз ҳаққу ҳуқуқи худ огоҳ ва барои ислоҳот омода бошад.

Дар он замон ин рӯзнома ҳамчун минбари баланди рӯшанфикрони тоҷик обрӯю нуфузи зиёд пайдо намуд.

«Бухорои шариф» дар тӯли фаъолияти начандон тӯлонии худ бо чопи 153 шумора тавонист дар бедорӣ ва ба вуҷуд овардани афкори мардум, такон додани мафкураи онҳо ва худшиносию худогоҳии мардуми тоҷик хизмати бузург намояд. Рӯзнома ба унвони як нашрияи илмӣ, адабӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, бозгӯкунандаи андешаҳо ва дидгоҳҳои таҷаддудхоҳон ва равшанфикрони тоҷик буд, ки бевосита мазмуни аслии онро навиштаҳои Мирзо Сироҷи Ҳаким, Мирзоҷалол Юсуфзода, Маҳдуд Беҳбудӣ, Садриддин Айнӣ, Саидризо Ализода, Абдурауфи Фитрат, Мирзоғаффор, Мирхони Порсо ва дигарон мунъакис мекарданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ботантана бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик, ки соли 2012 дар шаҳри Душанбе доир гардид, аз таърихи пайдоиш ва ташаккули матбуоти миллӣ ёдовар шуда, саҳми равшанфикрони миллатро бузург арзёбӣ намуданд.

«Аҳли қалами тоҷик 11 марти соли 1912 нахустин рўзномаи тоҷикиро бо номи «Бухорои Шариф» чоп карданд, ки яке аз рўйдодҳои муҳими фарҳангиву таърихии мардуми мо дар сад соли гузашта маҳсуб мешавад. Барои ба вуҷуд омадани нахустин рўзномаи тоҷикӣ фарзандони равшанзамиру маърифатпарвари миллат, ки бо фаъолияти муассири ҷамъиятиву сиёсӣ ва фарҳангии худ дар он замон эътибори баланд доштанд, саҳм гирифтанд», — иброз доштанд Сарвари давлат.

Баъди ба табъ расидани шумораи 153-юми рӯзнома 2 январи соли 1913 бадхоҳони забон ва фарҳанги миллати тоҷик тавонистанд ин нашрияро бо дасти ҳокимони вақти Аморати Бухоро банданд.

Вале, ба андешаи муҳаққиқон, «Бухорои шариф» кам нашр шуда бошад ҳам, дар  таърихи матбуоти тоҷик мавқеи махсусро соҳиб  аст. Дар ҳамон замони тираву тори ҳукумати подшоҳӣ дар ҳар як шумораи нашрия аз мардум барои  азхудкунии илм, таъсиси мактабҳои нав ва дар маҷмӯъ маориф, бунёди роҳҳо ва бахшҳои дигари иқтисоду иҷтимоъ даъват ба амал оварда мешуд.

Махсусан осори адибони ҷаҳон, ки дар шумораҳои «Бухорои шариф» нашр мешуданд, хеле маърифатомӯзу муфид буд. Яъне он як равзанае буд барои шинос кардани хонандаи тоҷик бо осори адибони кишварҳои дигар.

Имрӯз шумораҳои парокандаи «Бухорои шариф» дар осорхонаи мардумии шаҳри Бухоро ва аксари шумораҳои он дар китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи Алишер Навоии шаҳри Тошканд ва китобхонаи шаҳри Амстердами Ҳоланд мавҷуданд, ки муҳаққиқони мо бештар аз нусхаҳои он истифода мекунанд.

Метавон гуфт, ки «Бухорои шариф»  барои ба миён омадани нашрияҳои дигаре, ба монанди «Шӯълаи инқилоб» ва «Овози тоҷик», ки имрӯз дар таърихи матбуоти тоҷик нақши бисёр бузург доранд, заминаи мусоид фароҳам овард.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Март 11, 2020 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад