17 апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад

Апрель 16, 2020 11:48

ДУШАНБЕ, 16.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел, соати 15:00 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Аъзои маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15-16 апрели соли 2020 аз соати 8:00 то 17:00 дар ошёнаи якум, утоқи 1 бинои Маҷлиси намояндагон ба қайд гирифта мешаванд. Телефонҳо барои маълумот 23-57, 221-30-84 мебошанд»,- омадааст дар иттилояи манбаъ.

30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ «Дар бораи даъват намудани ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум» Фармон ба имзо расониданд.

Апрель 16, 2020 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Узбекистон иштирок намуд