2 ҳазору 359 нафар шаҳрвандон баъд аз 14 рӯзи карантин ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд

Апрель 2, 2020 10:50

ДУШАНБЕ, 02.04.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  2 ҳазору 359  нафар шаҳрвандон баъд аз 14 рӯзи дар карантин қарор доштан ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, 3 ҳазору 913 нафари дигар ҳоло таҳти назорати карантинӣ мебошанд. 

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ  доданд, аз 1  феврал то 2 апрели соли равон 6 ҳазору 272  нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардида буданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин  фаро гирифта шуданд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Бо мақсади  пешгирӣ аз сирояти  коронавирус дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ телефони боварӣ бо  рақами 511 ба кор оғоз намуда, шабонарӯзӣ фаъол мебошад.

Аз ин рӯ аз сокинони мамлакат  даъват карда мешавад, ки дар ҳолати дидани нишонаҳои вируси нав  ва дигар ҳолатҳои ба он алоқаманд фавран  ба рақами 511 занг зада,  ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар диҳанд.

Апрель 2, 2020 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон