Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат доир шуд
ДУШАНБЕ, 11.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур ҷараёни иҷрои Созишномаи Генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 натиҷагирӣ карда шуд.
Дар он ҳисоботи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода, иҷрокунандаи вазифаи Раиси Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон И.Файзизода ва Раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Шарипов доир ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Созишномаи Генералӣ шунида шуд.
Зикр гардид, ки дар шароити муосир яке аз воситаҳои таъмини суботи иҷтимоию меҳнатӣ ва таъмини кафолатҳои иҷтимоию меҳнатии кормандон маҳз шарикии иҷтимоӣ мебошад, ки ҳамкории муштараки мувофиқашудаи давлат, корфармоён ва мақомоти намояндагии кормандон, яъне иттифоқҳои касабаро ифода мекунанд. Аз ин рӯ, масьалаи мазкур зери таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Дар муҳокимаи масьала вазъи иҷтимоию меҳнатии кормандони соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ ва натиҷаи чораҳои андешидаи Тарафҳои Созишномаи Генералӣ барраси гардида, барои тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо ҷиҳати танзими бозори меҳнат, муносибатҳои меҳнатӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кормандон қарори дахлдор қабул гардид.








Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд






