Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 доир гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар ҷаласа раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 Дилшод Назаров, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода, намояндагони федератсияҳои варзишӣ, мураббиён ва варзишгарон – аъзои дастаҳои мунтахаб ширкат карданд.
Абдулло Раҳмонзода ба ду нафар варзишгар – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев, ки роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ ба даст овардаанд, изҳори сипос намуда, гуфт, ки ин варзишгарон ва дигарон, ки дар оянда соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд, ҳатман қадрдонӣ мегарданд.
Роҳбарияти Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ варзишгарон ва мураббиёни онҳоро бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ кард
Абдулло Раҳмонзода ёдовар шуд, ки Бозиҳои олимпии Токио бо сабаби авҷ гирифтани вируси COVID-19 дар ҷаҳон ба соли 2021 гузаронида шуданд, ҳамчунин бисёр мусобиқаҳо, аз ҷумла мусобиқаҳои интихобии олимпӣ ба вақти номаълум мавқуф гузошта ё лағв шуданд. Аз ин рӯ варзишгарони мо набояд фориғбол бошанд, балки машғулиятҳои ҳаррӯзаашонро ҷиҳати омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ идома диҳанд. Дар ин робита пешниҳод шуд, ки барои дастаҳои мунтахаб дар дохили мамлакат пайваста машқҳои дастаҷамъӣ ташкил карда шаванд.
Дар ҷаласа масъалаҳои дигари омодагии варзишгарон баррасӣ шуданд.








Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид






