БА ОВОЗАҲОИ БЕАСОС БОВАР НАКУНЕД! Вазорати тандурустӣ: «Сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов Ҳоҷимуҳаммад Тошев бо ташхиси «Бемории ишемиявии дил, фишорбаландии дараҷаи 2, хатари 4» фавтид»
ДУШАНБЕ, 11.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 11 апрел сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд Ҳоҷимуҳаммад Тошев, ки дар беморхонаи минтақавии «Ўзбекқишлоқ» зери назорати карантинӣ қарор дошт, бо ташхиси «Бемории ишемиявии дил, фишорбаландии дараҷаи 2, хатари 4 фавтидааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ медиҳад.
Вазорат вобаста ба ин бо нашри баёнияе дар сомонаи расмии худ аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал овардааст, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои беасоси сироятёбии шаҳрвандон бо коронавируси нав бовар накунанд ва танҳо ба маълумотҳои мақомоти расмӣ такя намоянд.
Гуфта мешавад, ки шаҳрвандони мамлакат метавонанд зимни пайдо гардидани саволҳо ва дастрасии тавсияҳо нисбат ба сирояти коронавируси нав, тавассути телефони 511, ки дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври шабонарўзӣ фаъолият менамояд, муроҷиат намоянд.
«Аз 1 феврал то 11 апрел 7 ҳазору 432 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, дар муассисаҳои тандурустӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз шумораи зикршуда то 11 апрел 5 ҳазору 530 нафар ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, айни ҳол 1902 нафари онҳо зери назорати карантинӣ қарор доранд», — афзуд манбаъ.
Хотиррасон менамоем, ки то имрӯз дар Тоҷикистон сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, вале ба ин нигоҳ накарда масъулини соҳаҳои дахлдор чораҳои пешгирикунандаи вуруди ин вирус ба мамлакатро пурзӯр менамоянд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






