Ба Вишхарв оби фаровон омад. Орзуи деринаи сокинони водии Язгулом ҷомаи амал пӯшид
ХОРУҒ, 1.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба деҳаи Вишхарви Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ оби фаровон омад ва сокинони он ба орзуи деринаи худ расиданд. Ҳарчанд барои сабзавоткорӣ, боғдорӣ дар ин деҳа шароити мусоид вуҷуд дошт, аммо бо сабаби камбуди об солҳои тӯлонӣ аксари қитъаи замини ҳамвору ҳосилхези он нокорам боқӣ мемонд.
Сардори хоҷагии деҳқонии деҳаи мазкур Фидоалӣ Орзуев гуфт, ки “ягона роҳи аз оби полезӣ таъмин кардани сокинони деҳа- ин ба воситаи қубурҳои обгузар аз саргаҳи рӯдхонаи Қумочдара интиқол додани об буд. Масофаи байни деҳа ва саргаҳи рӯдхонаи кӯҳӣ 5 километрро дар бар мегирифт ва илова бар ин роҳи мошингузар надошт, ки техникаву масолеҳи сохтмониро сари вақт ва ба осонӣ ба саргаҳи об интиқол диҳанд. Ҳангоми ташрифи навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони деҳа ин мушкили худро ба миён гузоштанд. Бо супориши Сарвари давлат сохтмон ва васлкунии қубурҳои обгузар оғоз ва пас аз се моҳ ба анҷом расонда шуд. Инак дар ин рӯзҳои навбаҳорон, хушбахтона, боғоту киштзорони деҳа сероб гардиданд”.
Яке аз ҷавонони деҳа, ки худро Мустафо Муродов муаррифӣ кард, изҳор дошт, ки “миёни дараи касногузару сангҳои хоро васл кардани қубурҳои обгузар кори саҳлу осон набуд. Аммо сарҷамъии аҳли деҳа ва дастгирии мақомоти давлатӣ, соҳибкорони ватанӣ ва бахусус кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ имконият фароҳам овард, ки дар муддати хеле кӯтоҳ ин мушкили деринаи сокинони деҳа ҳалли худро пайдо кунад. Ҳоло кишоварзон ба обёркунии 14 гектар замин шурӯъ карда, ояндаи наздик боз масоҳати киштзору боғот дар деҳа бештар хоҳад шуд. Мо аз кумаку пуштибонии ҳукумати ҷумҳурӣ хеле мамнуну сипосгузорем”.
Дар ифтитоҳи расмии ин шабакаи обрасонӣ муовини аввали раиси вилоят Алишер Мирзонаботов, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода ширкат намуда, сокинони деҳаро бо ин рӯйдоди муҳим табрик намуданд. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки баъди расидани об ба деҳа масоҳати киштзорону боғҳо бамаротиб афзоиш ёфта, бо ҳамин сатҳи зиндагии деҳотиён боз ҳам беҳтар хоҳад гашт.










Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?






