COVID-19 ДАР ҶАҲОН. То имрӯз беш аз 800 ҳазор нафар беморони гирифтор ба коронавирус шифо ёфтаанд
ДУШАНБЕ, 25.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати соати 10-и 25 апрел дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 2 миллиону 831 ҳазору 860 нафар буда, аз онҳо 807 ҳазору 10 кас шифо ёфтаанд ва 197 ҳазору 318 тан вафот кардаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.
Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷои аввал қарор дорад, 925 ҳазору 232 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 52 ҳазору 193 нафар ва шумораи шифоёфтагон 110 ҳазору 432 касро ташкил медиҳад.
Дар Испания шумораи сироятёфтагон 219 ҳазору 764 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 6 740 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 22 ҳазору 524 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 92 ҳазору 355 кас шифо ёфтаанд.
Дар Италия шумораи мубталоён 192 ҳазору 994 нафар ва теъдоди фавтидагон 25 ҳазору 969 нафар мебошад. Дар Франсия 159 ҳазору 828 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 22 245 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.
Дар Германия теъдоди мубталоён 154 ҳазору 999 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 5 760 мебошад. Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 143 ҳазору 464 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 19 ҳазору 506 нафар мебошад.
Дар Туркия теъдоди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус ба 104 ҳазору 912 нафар расида, шумораи ҳолатҳои фавт ва шифоёбӣ мутаносибан 2 600 ва 21 737 нафар мебошад.
Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 88 ҳазору 194 нафарро ташкил дода, аз онҳо 5 ҳазору 574 нафар вафот кардаанд.
Дар Чин 82 ҳазору 816 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, аз миёни онҳо 4 632 нафар вафот намудаанд.
Дар Россия, ки дар ҷаҳон дар ҷои 10-ум қарор дорад, дирӯз 5 849 мавриди нав ошкор шуда, шумораи сироятёфтагон ба 68 622 кас расид. Аз ин шумора 5 568 нафар табобат шуда, 615 кас фавтидаанд.
Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил (ИДМ), аз ҷумла дар Беларус – 8 773 ҳолат, Украина – 7 647, Молдова – 3 110, Қазоқистон – 2 482, Ӯзбекистон – 1 836, Арманистон – 1 596, Озарбойҷон – 1 592 ва Қирғизистон — 665 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.
То имрӯз дар Беларус 1 120 нафар, Озарбойҷон — 1 013, Молдова – 755, Арманистон – 728, Ӯзбекистон – 621, Қазоқистон – 604, Украина — 601 ва Қирғизистон – 345 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.
Илова бар ин, дар Украина 193 нафар беморони гирифтор ба коронавирус, Молдова – 84, Беларус – 63, Арманистон – 27, Қазоқистон – 25, Озарбойҷон – 21, Қирғизистон – 8 ва Ӯзбекистон 8 нафар фавтидаанд.
Миёни давлатҳои ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 1 351 нафар буда, 188 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 43 тани дигар вафот кардаанд.
Дар байни давлатҳои арабӣ теъдоди зиёди мубталоён дар Арабистони Саудӣ ба қайд гирифта шуда, 15 102 нафарро ташкил медиҳад, ки миёни онҳо 127 ҳолати фавт ва 2 049 мавриди шифоёбӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) 9 281 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардида, миёни онҳо 64 нафар фавтидаанд. Дар Қатар 8 525 нафар мубталои коронавирус шуда, дар он шумораи фавт нисбат ба АМА камтар аст — 10 ҳолат.
Дар муқоиса бо дигар давлатҳои арабӣ сатҳи фавт дар Миср баландтар аст — 294 нафар. Аммо шумораи сироятёфтагон кам буда, 4 092 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди мубталоён дар Ироқ 1 708 нафар ва шумораи фавтидагон 86 нафар мебошад.
Дар Баҳрайн низ фавти кам, яъне 8 ҳолат мушоҳида шуда, шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят 2 518 нафарро ташкил медиҳад. Дар Кувайт 15 ҳолати фавт ба қайд гирифта шуда, 2 614 нафар сироят ёфтаанд. Шумораи мубталоён дар Сурия 42 нафар буда, 3 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.
11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.
ДАР АКС: Дар яке аз беморхонаҳои Туркия Ҳавахан Караденизи 107-сола пас аз табобат аз коронавирус зери қарсаки табибон ҷавоб дода шуд.
АКС аз Агентии Анадолу