COVID-19 ДАР ИДМ. Россия аз рӯи шумораи гирифторони коронавирус аз Чин пеш гузашт

Апрель 27, 2020 13:28

ДУШАНБЕ, 27.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия ба 87 ҳазору 147 нафар расид. Давоми рӯз дар ин давлат 6 198 ҳолати нав ошкор гардида, теъдоди беморони шифоёфта 7 346 нафар ва шумораи фавтидагон 794 кас мебошад. Аз рӯи шумораи сироятёфтагон Россия аз Чин пеш гузашта, ба ҷойи 9-ум баромад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Дар Беларус ва Украина, ки дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баъд аз Россия шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ ба ин бемориро ба қайд гирифтаанд, мутаносибан 10 463 ва 9 009 нафар ба коронавирус мубтало шудаанд. Дар Беларус 72 нафар фавтида, 1 695 кас шифо ёфтаанд. Дар Украина нисбат ба Беларус шумораи ҳолатҳои фавт зиёдтар буда, 220 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар он 864 нафар табобат шуда, ба манзили зист баргаштанд.

Дар Молдова 3 408 ҳолати сироятёбӣ тасдиқ гардида, аз онҳо 895 нафар шифо ёфтаанд ва 96 каси дигар вафот кардаанд.

Дар се давлати Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон шумораи беморон мутаносибан 2 791,  1 887 ва 682 нафарро ташкил медиҳад. Дар Қазоқистон нисбат ба ду давлати дигари минтақаи Осиёи Марказӣ нишондоди фавти беморони гирифтор ба коронавирус бештар аст – 25 нафар. Дар он аз шумораи умумии сироёятшудагон 682 нафар шифо ёфтаанд. Дар Ӯзбекистон беморони шифоёфта 789 нафарро ташкил дода, 8 каси дигар вафот кардаанд. Дар Қирғизистон 8 ҳолати фавт сабт гардида, 395 нафар табобат шудаанд.

Шумораи мубталоёни навъи нави коронавируси COVID-19 дар Арманистон имрӯз 62 нафар зиёд шуда, ба 1 808 нафар расид. Дар он 848 нафар шифо ёфта, 29 каси дигар вафот кардаанд.

Дар Озарбойҷон нишондоди гирифторони ин беморӣ 1 645 нафар буда, аз онҳо 1 139 нафар табобат шудаанд ва 21 кас фавтидаанд.

Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 1 536 нафар буда, 207 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 50 тани дигар вафот кардаанд.

Тибқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 3 миллиону 3 ҳазору 352 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 207 ҳазору 94 нафар вафот карда, 882 ҳазору 552 кас шифо ёфтаанд ва 57 ҳазору 634 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ба ҷуз аз Россия ҳамчунин ИМА (987 322 нафар), Испания (226 629), Италия (197 675), Франсия (162 100), Германия (157 770), Британияи Кабир (152 840), Туркия (110 130), Эрон (90 481) ва Чин (82 830) дохил мешаванд.

Бояд гуфт, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард ва имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Апрель 27, 2020 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Бузургии Зан-Модар- ин олиҳаи ҳаёт ҳамеша вирди забони башарият аст
Рӯзи Модар рамзи эҳтиром ва қадршиносии махсуси давлату ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба Зан-Модар мебошад
Пешвои миллат дар таҳкими мақоми Зан-Модар дар ҷомеи Тоҷикистон нақши намоён доранд
Модар олиҳаи накугавҳар ва азизтарин шахсияти башар аст
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон чун ташаббускори муҳими ҳалли мушкилоти глобалӣ шинохта шудааст
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ. То соати 12:00 шумораи овоздиҳандагон дар Тоҷикистон 59 фоизро ташкил дод
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ. То соати 9:00 шумораи овоздиҳандагон дар Тоҷикистон 22,1 фоизро ташкил дод
Пешвои миллат: «Мусулмони комил бояд ба Ватану миллати худ содиқ ва ба ҳифзи марзу буми он ҳамеша омода бошад»
«ИЛМИ СИНО РӮИ ДУНЁРО ГИРИФТ…». Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар мавриди шаҳомати оламафрӯзи Абӯалӣ ибни Сино
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН МАВРИД ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Барномаи муҳити зисти СММ ба амалҳои фаврӣ дар мубориза бо буҳрони сегонаи сайёра даъват менамояд