COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Қазоқистон ба 500 нафар расид

Апрель 4, 2020 10:52

ДУШАНБЕ, 04.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Қазоқистон ба 500 нафар расида, теъдоди беморони шифоёфта ва фавтида мутаносибан 29 ва 4 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз ҷумла дар Россия 4149 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус, Украина – 1 072, Арманистон – 736, Молдова – 591, Озарбойҷон – 443, Беларус – 351, Ӯзбекистон – 241 ва Қирғизистон — 144 ҳолат ошкор гардид.

Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Россия 281 нафар, Беларус — 53, Арманистон — 43, Озарбойҷон — 32, Қазоқистон — 29, Молдова — 26, Ӯзбекистон – 25, Украина – 22 ва Қирғизистон — 6 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Дар баробари ин, дар Россия 34 ҳолат, Украина – 27, Молдова – 8, Арманистон – 7, Озарбойҷон – 5, Беларус – 4, Қазоқистон — 4, Ӯзбекистон — 2 ва Қирғизистон — 1 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Бояд тазаккур дод, ки миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи мубталоён ба коронавирус зиёд шуда, 299 нафарро ташкил медиҳад, ки даҳ нафари онҳо шифо ёфта, шаш тани дигар вафот кардаанд.

Мувофиқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 1,1 миллион нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора  зиёда  аз 59 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 228 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 39 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (277 475 нафар), Италия (119 827), Испания (119 199), Германия (91 159), Чин (81 639), Франсия (64 338), Эрон (53 183), Британияи Кабир (38 168), Туркия (20 921), Швейтсария (19606) ва Белгия (16 770) дохил мешаванд.

СУТ, ки 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда буд, имрӯз дар бораи беш аз 200 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Апрель 4, 2020 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон