COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия ба 100 ҳазор нафар наздик шуд
ДУШАНБЕ, 29.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия 5 841 нафар зиёд шуда, ба 99 ҳазору 399 кас расид. Ҳамчунин дар он теъдоди беморони шифоёфта 10 286 нафар ва фавтида 972 кас мебошад. Аз рӯи шумораи сироятёфтагон Россия дар қатори давлатҳои ҷаҳон дар ҷойи 8-ум қарор дорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Дар Беларус ва Украина, ки дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баъд аз Россия шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ ба ин бемориро ба қайд гирифтаанд, мутаносибан 12 208 ва 9 866 нафар ба коронавирус мубтало шудаанд. Дар Беларус 79 нафар фавтида, 1 993 кас шифо ёфтаанд. Дар Украина нисбат ба Беларус шумораи ҳолатҳои фавт зиёдтар буда, 250 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар он 1 103 нафар табобат шудаанд.
Дар Молдова 3 638 ҳолати сироятёбӣ тасдиқ гардида, аз онҳо 975 нафар шифо ёфтаанд ва 103 каси дигар вафот кардаанд.
Дар се давлати Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон шумораи беморон мутаносибан 3 078, 1 955 ва 729 нафарро ташкил медиҳад. Дар Қазоқистон нисбат ба ду давлати дигари минтақаи Осиёи Марказӣ нишондоди фавти беморони гирифтори коронавирус бештар аст – 25 нафар. Дар он аз шумораи умумии сироёятшудагон 774 нафар шифо ёфтаанд. Дар Ӯзбекистон беморони шифоёфта 992 нафарро ташкил дода, 8 каси дигар вафот кардаанд. Дар Қирғизистон 8 ҳолати фавт сабт гардида, 437 нафар табобат шудаанд.
Шумораи мубталоёни навъи нави коронавируси COVID-19 дар Арманистон имрӯз 65 нафар зиёд шуда, ба 1 932 кас расид. Дар он 900 нафар шифо ёфта, 30 каси дигар вафот кардаанд.
Дар Озарбойҷон нишондоди гирифторони ин беморӣ 1 717 нафар буда, аз онҳо 1 221 нафар табобат шудаанд ва 22 кас фавтидаанд.
Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 1 828 нафар буда, 228 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 58 тани дигар вафот кардаанд.
Тибқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 3 миллиону 146 ҳазору 651 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 218 ҳазору 178 нафар вафот карда, 961 ҳазору 833 кас шифо ёфтаанд ва 56 ҳазору 976 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ба ҷуз аз Россия ҳамчунин ИМА (1 035 765 нафар), Испания (232 128), Италия (201 505), Франсия (165 911), Британияи Кабир (161 145), Германия (159 912), Туркия (114 653), Эрон (92 584) ва Чин (82 858) дохил мешаванд.
Бояд гуфт, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард ва имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.
АКС аз Донат Сорокин/ТАСС