COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон беш аз ҳазор нафар гардид

Апрель 14, 2020 10:10

ДУШАНБЕ, 14.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон беш аз ҳазор нафар гардида, мутаносибан 1179 ва 1054  нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди бемороне, ки дар ин давлатҳо шифо ёфтаанд, мутаносибан ба 138 ва 85 нафар ва шумораи онҳое, ки фавтидаанд, ба 14 ва 4 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз ҷумла дар Россия – 18 328 ҳолат, Украина — 3372, Беларус – 2919, Молдова – 1712, Озарбойҷон – 1148, Арманистон – 1039 ва Қирғизистон 430 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ошкор гардид.

То имрӯз дар Россия 1470 нафар, Озарбойҷон – 289, Арманистон  – 211, Беларус – 203, Қазоқистон – 138, Украина — 119, Молдова – 107, Ӯзбекистон – 85 ва Қирғизистон – 71 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Ҳамзамон дар Россия 148 ҳолат, Украина – 98, Молдова – 35, Беларус – 29, Арманистон – 14, Қазоқистон – 14, Озарбойҷон – 12, Қирғизистон – 5 ва Ӯзбекистон 4 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 665 нафарро ташкил медиҳад, ки 32 нафари онҳо шифо ёфта, 21 тани дигар вафот кардаанд.

Мувофиқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 1 миллиону 925 ҳазору 224 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 119 ҳазору 702 нафар вафот карда, 447 ҳазору 948 кас шифо ёфтаанд ва 51 ҳазору 157 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (587 155 нафар), Испания (170 099), Италия (159 516), Франсия (136 779), Германия (130 072), Британияи Кабир (88 621), Чин (82 249), Эрон (73 303), Туркия (61 049) ва Белгия (30 589) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар дар Чин — 77 738 нафар, Испания – 64 727, Германия  – 64 300, Эрон – 45 983, Италия – 36 948, ИМА – 35 435, Франсия – 27 718, Швейтсария – 13 700, Канада – 7 756 ва Кореяи Ҷанубӣ – 7 534 нафар беморон шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (23 644 нафар), Италия (20 465), Испания (17 756), Франсия (14 967), Британия Кабир (11 329), Эрон (4 585), Белгия (3 903), Чин (3 341), Германия (3 194) ва Нидерланд (2 823) дохил мешаванд.

СУТ  имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

АКС аз Агентии иттилоотии «UzNews.uz»

Апрель 14, 2020 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон