Дар Арабистони Саудӣ бинобар коронавирус дар моҳи Рамазон низ дари масҷидҳо баста хоҳанд буд

Апрель 8, 2020 12:08

ДУШАНБЕ, 08.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти Арабистони Саудӣ эълон доштанд, ки бинобар коронавирус тасмим гиритфтаанд маҳдудиятҳоро дар кишвар дар моҳи Рамазон низ идома диҳанд, хабар медиҳад РИА «Новости» бо истинод ба сомонаи иттилоотии «Хабр оҷил».

Моҳи мубораки Рамазон дар ҷаҳони ислом аз охири моҳи апрел то охири моҳи май баргузор мешавад. Ҳоло дар мамлакат ҷамъ шудани гурӯҳҳои зиёди одамон иҷозат нест. Дар Арабистони Саудӣ баргузории намозҳои дастаҷамъӣ, инчунин боздид аз масҷидҳо мамнуъ боқӣ хоҳад монд. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ Муҳаммад Абдул Алӣ изҳор дошт.

«Ҳама пазмони ҷамъомадҳои динӣ дар моҳи Рамазон шудаанд, аммо тадбирҳои андешидашуда то аз байн рафтани пандемияи коронавирус идома хоҳанд ёфт»,- илова намуд Муҳаммад Абдул Алӣ

Ёдовар мешавем, ки қаблан мақомоти Арабистони Саудӣ аз мусалмонон даъват карданд, ки омодагиҳоро барои адои ҳаҷ, ки имсол низ бинобар пандемияи коронавирус зери таҳдид қарор дорад, интизор шаванд.

Мақомоти ин кишвар мехоҳанд то ба эътидол омадани вазъи паҳншавии вирус интизор шаванд.

Рӯзи душанбе мақомоти Саудӣ аз ҷорӣ шудани маҳдудияти гаштугузори шабонарӯзӣ бидуни зарурат дар баробари Макка ва Мадина дар якчанд шаҳрҳои дигар,  аз ҷумла  пойтахт Ар-Риёз, Ҷидда ва инчунин шаҳрҳои Даммом, Заҳрон, Ал-Катиф ва Ал-Хобар, ки дар онҳо шумораи зиёди мубталоён ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, эълон кард.

«Танҳо 50% аҳолӣ дар хона боқӣ мондаанд ё фаъолияти худро кам кардаанд. Аз ин рӯ, тасмим дар бораи манъи ҳаракат ба манфиати ҳама аст»,- гуфта мешавад дар изҳороти намояндаи Вазорати корҳои дохилии Саудӣ.

Тибқи маълумоти охирин, шумораи ҳолатҳои сирояти коронавирус дар Арабистони Саудӣ ба 2605 нафар расида, 38 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд ва 551 нафар шифо ёфтаанд.

                                                                                                    Акс аз AFP

Апрель 8, 2020 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон