Дар деҳаи Қаратоғ Боғи хотира бунёд гардид

Апрель 18, 2020 10:15

ТУРСУНЗОДА, 18.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба пешвози 75-умин солгарди Ғалаба бар фашизм дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода  ба хотираи иштирокчиён ва шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Боғи хотира бунёд гардид.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар боғи мазкур муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода Сайдамин Остоназода, муовини Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон  Шамил Шамсутдинов, намояндагони Маркази илмию фарҳангии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон,  афсарону сарбозони пойгоҳи ҳарбии 201 Россия, мустақар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  устодону шогирдони муассисаи таълимӣ ширкат варзиданд.

Муаррих ва таърихшинос Руҳулло Ҷӯрабоев изҳор дошт, ки баробари дигар ҷавонмардони Тоҷикистон аз деҳаи Қаратоғ  дар солҳои ҷанг 572 нафар ба майдони набард бар зидди фашизм баромада, 234 нафари онҳо зимни дифои Ватан ҷавонмардона шаҳид гардидаанд.

Ба ифтихори 75-умин солгарди Ғалаба бар фашизм дар МТМУ№12  лавҳаи иштирокчиёни ҷанг низ омода гардида, номи ҳар як иштирокчӣ дар рӯи санг наққошӣ  шудааст.

Апрель 18, 2020 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид