Дар деҳаи Савноби водии Бартанг сохтмони неругоҳи хурди барқӣ оғоз гардид
ХОРУҒ, 19.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Рошорви Ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон неругоҳи хурди барқӣ бо тавоноии 450 киловат бунёд мешавад. Барои бунёди ин неругоҳи хурд зиёда аз 11 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.
Неругоҳи мазкур аз ҷониби ширкати «Помирэнерҷӣ» дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати ҷумҳурӣ ва шарикони рушд бо мақсади беҳтар намудани сифати зиндагии сокинони деҳоти водии Бартанги ноҳияи Рӯшон сохта мегардад.
Бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ширкати «Помир-энерҷӣ» тирамоҳи соли гузашта таҳкурсии неругоҳи барки обии хурдро дар маҷрои дарёчаи кӯҳии Хатфат гузошт. Корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мадад» ба уҳда гирифт.
Муҳандиси ширкати мазкур Асад Саидмамадов гуфт, ки “ин деҳаҳои дурдасти водии Бартанг дар маконҳои дастнорас ва доманакӯҳҳо ҷойгиранд. Аз ин рӯ интиқол додани техникаву механзимҳо ва масолеҳи сохтмонӣ ба он ҷо хеле душвор аст. Сарфи назар аз ин мушкилот ширкати «Помирэнерҷӣ» тасмим гирифт, ки марҳила ба марҳила сокинони ин водиро бо барқ таъмин намояд. То ба имрӯз сад фоизи қубурҳои обгузар аз тарафи ҶДММ «Мушарраф» ба маҳали сохтмон интиқол дода шуданд. Истеҳсоли таҷҳизоти электротехникии заруриро ширкати «HydroTu» -и Чин ба анҷом расонд ва мувофиқи нақша, ин таҷҳизот бояд моҳи феврали соли равон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешуданд, аммо бо сабаби хурӯҷи бемории короновирус дар Ҷумҳурии Мардумии Чин интиқоли ин таҷҳизот ба вақти номуайян ба таъхир гузошта шуд”.
Ҳоло сарфи назар аз иқлими номусоид ва боронгарӣ самти рӯдхонаи Хатфат тағйир дода шуда, кандани хандақ барои васл намудани қубурҳои обгузар оғоз ёфта, ҳамворкунии майдони сохтмон ба анҷом расонида шуд. Ба сохтмони неругоҳи хурди обӣ 50 нафар ҷавонони маҳаллӣ ҷалб шудаанд. Ба маҳали сохтмон ҳамчунин 3 эксковатор, 2 мошини калони боркаш, 2 булдозер, 1 адад манипулятор ва 1 адад генератори дизелӣ бо тавоноии 80 кВт интиқол дода шуданд.
Анҷоми сохтмони ин неругоҳи хурди обӣ мувофиқи нақша мохи сентябри соли равон дар назар дошта шудааст. Баъди ба истифода додани неругоҳи мазкур 180 хонаводаи деҳаи Рошорви водии Бартанг бо барқи хушсифат таъмин мегарданд. Ояндаи наздик интиқоли барқ ба деҳаҳои Барчидев ва Япшорви водии Бартанг низ ба роҳ монда мешавад.










Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






