Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини юнону румӣ доир гардид

Апрель 16, 2020 09:20

ДУШАНБЕ, 16.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. 14-15 апрел  дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини юнону румӣ доир гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод. Дар рӯзи дуюми Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини юнону румӣ, ки дар+ Маҷмааи варзишии Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб баргузор шуд, беҳтаринҳо дар вазнҳои 60, 67, 77, 87 ва 130 килограмм ба майдон баромаданд.

Пас аз чанд даври рақобатҳо иштирокчиёни марҳилаи финалӣ муайян гардида, беҳтаринҳо низ муайян шуданд. Аз ҷумла, дар вазни 60 кг нафаре, ки соҳиби медали тиллои Чемпионати Осиё ва ҷоизадори чемпионати ҷаҳон аст, тавонист дар камтарин фурсат рақиби худро шикаст дода, ба унвони навбатӣ даст ёбад. Дар умум рақобатҳои марҳилаи финалӣ бисёр пуршиддат сурат мегирифтанд. Аз ҷумла, варзишгарони гаронвазн низ дар маҳорат ва анҷоми усул чусту чолок ва мисли варзишгарони вазнҳои сабук ва миёна пурталош буданд.

Ҳамин тавр ҷоизадорони ҳамаи панҷ вазн дар рӯзи дуюми Чемпионати ҷумҳуриявӣ муайян гардида, аз сӯи масъулон ва собиқадорони ин намуд медалу ифтихорнома дарёфт намуданд.

Дар вазни 60 кг Фирӯз Мирзораҷабов ғолиб, Нодир Сангов ҷои дуюм, Ҷавоҳир Каримов ва Ҳотамбой Ҳабибов зинаи сеюмро соҳиб шуданд. Дар вазни 67 килограмм Алиҷон Ҷӯраев медали тилло, Муҳаммад Раҳимов медали нуқра ва Зокиров Ҷӯрабек, Сангов Шоҳрух медали биринҷӣ дарёфт карданд. Дар вазни 77 килограмм Ҷасур Аюбов ҷои якум, Абдуллоҷон Куганов ҷои дуюм, Фарҳод Шерматов ва Фаридун Юсупов мақоми сеюмро гирифтанд.

Ансор Муҳунов ва Акмал Одинаев ғолиби ҷои якум ва дуюм дар вазни 87 шуда, Равшанбек Самиев зинаи сеюмро ба худ ихтисос дод. Ниҳоят дар вазни 130 кг Абубакри Акобир медали тилло ва Хисрав Нарзуллоев медали нуқра гирифта, Абубакр Пулодов ва Хуршед Шавкатзода ҷоизадорони чемпионати мамлакат оид ба гӯштини юнону румӣ шуданд.

Апрель 16, 2020 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд