Дар ИДМ ва Гурҷистон фавт аз коронавирус дар қиёс бо ҷаҳон панҷ маротиба камтар аст

Апрель 10, 2020 11:27

ДУШАНБЕ, 10.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди  сироятшудагони коронавируси нав дар кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Гурҷистон  ба беш аз 18,5 ҳазор нафар расид. Дар айни замон, тибқи маълумоти ТАСС миқдори фавт   дар кишварҳои номбурда алҳол 1,13% -ро ташкил дода, дар қиёс бо сатҳи ҷаҳонӣ  (6,1%) панҷ маротиба камтар мебошад.

Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар байни кишварҳои ИДМ дар Россия ба қайд гирифта шудааст, бино ба маълумоти охирини  ситоди фаврӣ  он ҷо 10 131 нафар гирифтори ин беморӣ мебошанд. Баъди он Беларус (1 486), Молдова (1 289), Озарбойҷон (926), Арманистон  (921), Қазоқистон (781), Ӯзбекистан (582) ва Қирғизистон (280) қарор доранд.  Дар  Украина 1 892 ва   дар Гурҷистон  218  ҳолати сироят сабт гардидааст. Дар Тоҷикистон ва Туркманистон то ҳол расман ягон ҳолати сироят ба қайд гирифта нашудааст.

Ба истиснои Молдова, ки дар он ҷо 2,25% беморон ҳалок шудаанд, дар кишварҳои ИДМ фавтнокӣ айни ҳол аз 1,5% фоиз зиёд нест. Сатҳи аз ҳама пасти фавт дар Россия ва Ӯзбекистон (мутаносибан 0,75%  ва  0,52%) ба назар мерасад, дар ҷойҳои  дигар он аз 0,97% то  ба 1,43% тағйир меёбад.  Дар Украина  3,01% ва дар Гурҷистон 1,38%  -и беморон фавтидаанд.

Сатҳи миёнаи фавт дар ИДМ 1,1%-ро   ташкил менамояд. Бо назардошти Гурҷистон, ин нишондод ба 1,13% мерасад. Дар баробари ин,  ба ҳисоби миёна, фавт аз коронавирус дар ҷаҳон  аз 6,1%  иборат аст.

Аз тамоми кишварҳое, ки он ҷо зиёда аз 5 ҳазор нафар бемор шудаанд, аксари ҳолатҳои фавт дар Франсия (14,14%), Италия (12,73%), Британияи Кабир  (12,26%), Нидерландия  (11,01%), Белгия  (10,1%) ва Испания  (10%) ба қайд гирифта шудаанд. Баъди онҳо  Шветсия (8,68%), Эрон (6,21%)  ва Бразилия (5,27%) мебошанд. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки тақрибан сеяки тамоми сирояти ҷаҳонро ташкил медиҳад,  3,56% -и  беморон вафот кардаанд.

Тибқи маълумоти охирин, дар олам зиёда аз 1,5 миллион нафар сироят ёфта, беш аз 90 ҳазор фавтидаанд.

     АКСИ © Михаил Семёнов/ТАСС

Апрель 10, 2020 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон