Дар Маҷлиси намояндагон фраксияи ҲХДТ таъсис дода шуд

Апрель 4, 2020 10:35

ДУШАНБЕ, 04.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. 3 апрел дар китобхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ нахустин ҷаласаи вакилони узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иштирок намуд. Дар ин бора котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон  Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар ҷаласа Абдуҷаббор Азизӣ иброз намуд, ки вакилони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ намудани Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода, баҳри таҳкими низоми қонунгузории давлат тамоми неруи худро равона менамоянд.

Рӯзномаи ҷаласаи нахустини вакилони узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз масъалаҳои зерин: таъсиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон; интихоби Раиси фраксия ва муовинони ӯ ва котиби фраксия иборат буд.

Дар ҷаласа Абдуҷаббор Азизӣ таъкид намуд, ки мақоми ҳуқуқии фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 52-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», боби 4 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 4 оинномаи ҲХДТ муайян карда шудааст.

-Зарурати таъсиси фраксия, пеш аз ҳама, барои фаъолияти дастаҷамъона ва изҳори мавқеи ягонаву ақидаҳои сиёсӣ вобаста ба масъалаҳое, ки Маҷлиси намояндагон баррасӣ менамояд, амалигардонии барномаҳо ва ҳадафҳои барномаи пешазинтихоботии ҳизб асоснок карда мешавад,-изҳор намуд Абдуҷаббор Азизӣ.

Бо қарори ҷаласаи вакилон-аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода Раиси фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Инчунин Гулбаҳор Назирӣ ба вазифаи муовини аввал, Хайриддин Усмонзода ба вазифаи муовин ва Саодатшо Матробиён котиби фраксия интихоб карда шуданд.

Ҳамин тариқ, фраксия вакилонро аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ муттаҳид намуд.  Дар байни 42 нафар аъзои фраксияи ҲХДТ вакилон бо ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла, муҳандисони соҳаҳои заминсозӣ, сохтмон, технология, ҳуқуқшиносон, иқтисодчиён, кишоварзон, агротехнологҳо, математикҳо, филологҳо, файласуфон, мутахассиси соҳаи тиб ва сиёсатшиносон дохил гардиданд.

Бо қарори ҷаласаи фраксия мутобиқи бандҳои 105, 106, 110 ва 114 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати дастур ва ташкили кор дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи бақайдгирӣ пешниҳод гардиданд.

Апрель 4, 2020 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд