Дар Маҷлиси намояндагон фраксияи ҲХДТ таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 04.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. 3 апрел дар китобхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ нахустин ҷаласаи вакилони узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иштирок намуд. Дар ин бора котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар ҷаласа Абдуҷаббор Азизӣ иброз намуд, ки вакилони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ намудани Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода, баҳри таҳкими низоми қонунгузории давлат тамоми неруи худро равона менамоянд.
Рӯзномаи ҷаласаи нахустини вакилони узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз масъалаҳои зерин: таъсиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон; интихоби Раиси фраксия ва муовинони ӯ ва котиби фраксия иборат буд.
Дар ҷаласа Абдуҷаббор Азизӣ таъкид намуд, ки мақоми ҳуқуқии фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 52-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», боби 4 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 4 оинномаи ҲХДТ муайян карда шудааст.
-Зарурати таъсиси фраксия, пеш аз ҳама, барои фаъолияти дастаҷамъона ва изҳори мавқеи ягонаву ақидаҳои сиёсӣ вобаста ба масъалаҳое, ки Маҷлиси намояндагон баррасӣ менамояд, амалигардонии барномаҳо ва ҳадафҳои барномаи пешазинтихоботии ҳизб асоснок карда мешавад,-изҳор намуд Абдуҷаббор Азизӣ.
Бо қарори ҷаласаи вакилон-аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода Раиси фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Инчунин Гулбаҳор Назирӣ ба вазифаи муовини аввал, Хайриддин Усмонзода ба вазифаи муовин ва Саодатшо Матробиён котиби фраксия интихоб карда шуданд.
Ҳамин тариқ, фраксия вакилонро аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ муттаҳид намуд. Дар байни 42 нафар аъзои фраксияи ҲХДТ вакилон бо ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла, муҳандисони соҳаҳои заминсозӣ, сохтмон, технология, ҳуқуқшиносон, иқтисодчиён, кишоварзон, агротехнологҳо, математикҳо, филологҳо, файласуфон, мутахассиси соҳаи тиб ва сиёсатшиносон дохил гардиданд.
Бо қарори ҷаласаи фраксия мутобиқи бандҳои 105, 106, 110 ва 114 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати дастур ва ташкили кор дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи бақайдгирӣ пешниҳод гардиданд.








ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд






