Дар ноҳияи Конибодом заминҳои наздиҳавлигӣ мақсаднок истифода мешаванд
ДУШАНБЕ, 28.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сокини деҳаи Нурафшони Ҷамоати деҳоти Патари ноҳияи Конибодом Мадамин Ҷӯраев таҷрибаи шоистаи истифодаи замини наздиҳавлигӣ дорад. Сарвари хоҷагӣ ҳамроҳи ҳашт нафар аъзои оила, яъне фарзандону келинҳо дар замини наздиҳавлигӣ дар баробари кишти кабудию сабзавот, инчунин парвариши лимӯ, афлесун, мандарин ва кивиро дар гармхона ба роҳ мондааст.
Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ дар ин ноҳия ба таҷрибаи заминдории оилаи Ҷураевҳо мароқ зоҳир намуда, ба тарзи истифодаи заминҳои наздиҳавлигии сокинони ҷамоат баҳои баланд дод. Мавсуф зикр намуд, ки таҷрибаи чунин кишоварзон бояд дар тамоми минтақаҳои шаҳр роҳандозӣ карда шавад.
Оилаи Мадамин Ҷӯраев бо риояи маданияти заминдорӣ ва бардоштани ҳосили дилхоҳ аз он ҳам ризқу рӯзии хешро пайдо намуда, ҳам дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза саҳм мегузорад.
Сокинони дигари ин ҷамоат низ заминҳои наздиҳавлигии хешро пурсамар истифода мебаранд. Аз ҷумла, Каримбой Ҳайдаров дар масоҳати 0,07 гектар парвариши картошкаро хуб ба роҳ мондааст. Ҳосили картошка нимаи моҳи май омода ва ба бозор бароварда мешавад.
Каримбой Ҳайдаров зимни суҳбат бо Раиси вилояти Суғд изҳор дошт, ки пас аз ҷамъоварии ҳосили картошка кишти зироати дигарро шурӯъ менамояд.
Деҳқони пуртаҷрибаи ин ҷамоат Каримбой Ҳайдаров, ки беш аз 30 сол инҷониб ба кишоварзӣ машғул аст, тасмим дорад дар як сол то се маротиба ҳосил рӯёнад. Зеро вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки сокинон ба масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ эътибори махсус зоҳир намуда, ҳар порча заминро самаранок истифода баранд.








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд






