Дар озмуни гулҳо — «Сайри гули лола» шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоиза гардид

Апрель 18, 2020 12:30

ДУШАНБЕ, 18.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии  шаҳри Душанбе  маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни гулҳо — «Сайри гули лола»  дар ҷумҳурӣ барпо гардид. Шоҳҷаизаи асосӣ ва ҷой аввал ба шаҳри Душанбе ва ҷойи дуюм ба вилояти Хатлону  Суғд сазовор дониста шуд.

Ҳамчунин аз рӯйи номинатсияҳои «Гулпарвари беҳтарин», «Гулгашту хиёбони беҳтарин», «Боғи фарҳангиву фароғатии беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» «Ноҳияи беҳтарин» ва дигар бахшҳо ғолибон муайян гардида, бо туҳфа ва сипоснома қадрдонӣ шуданд.

Дар маросим роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба баргузор намудани озмуни мазкур Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини якуми роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, намояндагони тамоми вазорату идораҳо, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва гулпарварони ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Апрель 18, 2020 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад