Дар Россия ба табобати коронавирус бо усули нав оғоз намуданд
ДУШАНБЕ, 28.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Россия ба тадқиқоти клиникии усули нави табобати коронавирус оғоз намуданд. Ин табобат бо омехтаҳои унсурҳои химиявӣ ва оксиген тавассути буғ ба роҳ монда шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба рӯзномаи «Известия» хабар медиҳад, дар ин бора 28 апрел роҳбари Институти иммунология ва физиологияи бахши Урали АИР, академик Валерий Черешнев эълон намуд.
«Табобат бо усули нав дар Коми ва Санкт — Петербург дар худи беморхона ба роҳ монда шудааст. Он ҷо аллакай ба табобати беморон шурӯъ намудаанд. Акнун ба беморон дар баробари табобати анъанавӣ, яъне ба таври сунъӣ дохил намудани ҳаво ба шуш, ҳамзамон бо усули нави болозикр низ мадад мерасонанд»,- ин гуфтаҳои олимро иқтибос меорад ТАСС.
Қаблан Черешнев изҳор намуда буд, ки табобат бо буғ метавонад ба ҷараёни беморӣ таъсири мусбат расонда, шиддати онро камтар кунад. Ҳамин тариқ, омехтаҳои болозикр даҳонро пур аз оксиген карда, забон ва ҷоғро мулоим месозанд. Ба ҷуз ин, дар гармӣ бо ҳарорати 100 дараҷа вирусҳо нобуд мешаванд. Агар буғ танҳо аз ҳавои муқаррарӣ иборат мебуд, метавонист даҳони беморро сӯзонад.
27 апрел муовини шаҳрдори Москва Анастасия Ракова дар бораи натиҷаҳои муолиҷаи беморони коронавирус бо истифода аз плазма сухан гуфт. Ба гуфтаи ӯ, ҳолати маризон хеле беҳтар гаштааст.
АКС: агентии ахбори шаҳрии Москва /Андрей Никеричев








Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад






