Дар Тоҷикистон истеҳсоли хилъатҳои муҳофизатии махсуси тиббӣ ва либосҳои беморхонагӣ ба роҳ монда шуд
ДУШАНБЕ, 01.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии мамлакат дар ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» истеҳсоли рахти хоб, ҷойпӯшҳо ва либосҳои беморхонагӣ аз матои пахтагин, дар ҶСК «Гулистони Душанбе» хилъатҳои муҳофизатии махсуси тиббӣ, дар ҶДММ «Сифат Саноат» хилъатҳои тиббӣ ва дар ҶДММ «Фармтекс» истеҳсоли маҳсулоти косметологӣ, истифодаи гигиенаи шахсӣ ва докаи тиббӣ дар асоси фармоиши мизоҷон ба роҳ монда шудааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагии мамлакат, аз қабили ҶДММ «Сифат Саноат», ҶСК «Гулистони Душанбе», ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶДММ «Тоҷтекс», ҶДММ «Ноҳид», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «САТН», ҶДММ «Фарм Суғд», КВД «Нури Ховар», ҶДММ «Кооператор», ҶДММ «Фармтекс», ҶДММ «КоТа Глобал» истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шудааст.
Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, иқтидори истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ дар ин корхонаҳои дӯзандагӣ дар як рӯз зиёда аз 45-50 ҳазор донаро ташкил медиҳад.
Эълон гардидани вазъияти фавқулодаи байналмилалӣ нисбат ба хуруҷи бемории коронавирус аз ҷониби Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ андешидани тадбирҳои иловагиро вобаста ба гузаронидани амалиёти зиддиэпидемикӣ тақозо менамояд.
Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2020 ситоди дохилиидоравии зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус -«COVID-19» ташкил гардида, нақшаи чорабиниҳо он таҳия гардидааст.
Ҳамзамон бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии мамлакат ҳамкории судманд роҳандозӣ гардидааст.
ДАР АКС: ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» (2013). Акс аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






