Дар Тоҷикистон низоми нави расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон қабул мегардад
ДУШАНБЕ, 20.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик дар Тоҷикистон низоми нави расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон қабул мегардад. Дар ин хусус зимни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, аъзои Шӯро лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»- ро муҳокима намуданд.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода зикр намуд, ки лоиҳаи Қонун «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» бо мақсади мукаммал гардонидани низоми давлатии ёрии ҳуқуқии ройгон ва ихтисоснок ба аҳолӣ таҳия шудааст.
Лоиҳа ҷиҳати иҷрои банди 11-и Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2015 қабул гардидааст, таҳия шудааст.
«Таъмини ибтидоии хароҷоти лоиҳаро созмонҳои ёрирасон ба зимма гирифтаанд. Тибқи тавофуқи бадастомада, буҷети лоиҳа аз таносуби 90 фоиз саҳми ташкилот ва 10 фоиз саҳми буҷети давлатӣ оғоз гардида, давра ба давра бо зиёд намудани ҳиссаи давлат то ба 100 фоиз то соли 2025 идома меёбад»,- зикр шуд дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон.
Зимни шарҳи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонун «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» Эмомалӣ Насриддинзода зикр намуд, ки лоиҳаи мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мутобиқ кардан бо лоиҳаи Қонун «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», ки низоми нави расонидани ёрии ҳуқуқии ройгонро пешбинӣ мекунад, таҳия шудааст.
Лоиҳаи мазкур тартиби дохил кардани адвокатҳоро ба Феҳристи давлатии адвокатҳое, ки дар доираи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа мерасонанд, муайян намуда, масъалаи пардохти ҳаққи хизмати онҳоро пешбинӣ менамояд.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






